БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

17 Май 2021

ҶАВОНОН ҚУВВАИ БУЗУРГИ ҶОМЕАИ МУОСИР

“…Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро иштироки ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо ба ин қувваи бузург сахт алоқаманд аст”.

ҲХДТ- ВАЗИФАҲО МУШАХХАСАНД, АМАЛ МЕБОЯД

А.ҶОМӢ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, машварати васеъӣ кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  бо иштироки васеъӣ аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ, вакилон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии  ноҳиявӣ баргузор гардид.

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА»

ҶАЙҲУН.  Бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Ҷайҳун дар кӯчаҳои ҷамоати шаҳракии Дӯстӣ бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда, аз ҳар як оила дидан карда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокинонро дида баромаданд.

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

ҶАЙҲУН. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди фитр бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод,  раиси Шӯрои соиқадорони ҷангу меҳнат Зулматов Қобил,

ҶАВОНОН НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ ВАТАН

Н.ХУСРАВ. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири Хусрав бо  мақсади  таҷлили  сазовори  «Рӯзи  ҷавонони Тоҷикистон  чорабиниҳои фарҳангию сиёсиро   доир намуда истодаанд.  Вобаста  ба  масъала   дар муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  № 1-и  ноҳия  миёни  хонандагони синфҳои  болоии  муассиса  чорабиниҳои оммавии варзишӣ  таҳти унвони  «Ҷавонон муҳофизони  арзишҳои милливу давлатӣ»

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЯКЕ АЗ МУШКИЛОТИ ҶОМЕА

Н.

БА ҲАР ГУНА МУШКИЛОТИ ЭҲТИМОЛӢ БОЯД ОМОДА БОШЕМ

Н.

ПОС ДОШТАНИ ОРОМГОҲҲО ЯКЕ АЗ АНЪАНАҲОИ НЕКИ МИЛЛӢ

Н.ХУСРАВ. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати  тарғиби урфу одат ва  анъанаҳои  неки ниёгон ва  эҳтиром гузоштан  ба  насли  калонсолу  гузашта, эмин  нигоҳ  доштану ҳифзи оромгоҳҳо ва  тарбияи  насли  наврас дар  руҳияи  анъанаҳои  неки  миллӣ Аксияи умумуминоҳиявии  «Рӯзи ёдоварӣ» дар ҳамкорӣ  бо собиқадорони  ҳизб, ходимони  дин, дар 2 қабристони  деҳаҳо  баргузор  гардид.

ҲАР ЯК ВАҶАБ ЗАМИНИ КИШОВАРЗИРО САМАРАНОК ИСТИФОДА БОЯД БУРД

ХУРОСОН. Хоҷагии деҳқонии «Иқболӣ» - и  ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кишти пахта ва дигар сабзавотҳоро ба роҳ мондааст.

АКСИЯИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДОИР ГАРДИД

ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар асоси амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ”  ҷиҳати  ободонии   қабристонҳо  корҳои муайянеро ба иҷро расонида истодаанд.

МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ МИЁНИ ҶАВОНОН

ФАРХОР. Бо мақсади истиқболи сазовор аз Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон бо корбарии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили волейбол ва футбол миёни ҷавонону наврасони ноҳия зери унвони “Ҷавонӣ айёми некномӣ” баргузор гардида истодааст, ки дар ин мусобиқаҳо зиёда аз 10 даста аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок доранд.

КУРСҲОИ ОМӮЗИШӢ ИДОМА ДОРАНД

ФАРХОР. Дарси навбатии курси омӯзишӣ барои аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и  ноҳия  баргузор карда шуд.

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР БУНЁДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

АНДЕША. Чуноне ки огоҳӣ  дорем, Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамояд, ки 70% -и ҷомеаи навини комилро ҷавонон ташкил мекунанд ва  қувваи  бузурги пешбарандаи  ҷомеа ба  ҳисоб  мераванд.  Аз ин  хотир  имрӯз соҳае нест,  ки дар он ҷавонони бонангу номус кору фаъолият надошта бошанду сарварии ташкилоту корхонаҳои кишварро  низ ба зимма   г

ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВАЗИФАИ МОСТ

ДӮСТӢ. Бо мақсади тарғиби бештари озмунҳои ҷумҳуриявӣ, зери унвони "Нақши китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ", "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" ва "Илм фурӯғи маърифат", ки бевосита бо иқдом ва дастгирии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э

ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва самаранок истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ бо усули “хона ба хона” миёни сокинони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Сулҳ ” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вохӯриву мулоқотҳо баргузор

МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАРОИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН ЗАМИНА МЕГУЗОРАД

ВОСЕЪ. Бо мақсади  бедор намудани ҳисси ҷавонон барои ватандӯстӣ ва ихтиёран сафарбар шудани онҳо барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Восеъ дар ҳамбастагӣ бо ТҶММ (Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа)  миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия мусобиқаи варзишӣ баргузор намуданд.

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ

ҶАЙҲУН. Меҳнати софдилонаву бошараф дар ҳама давру замон қадр мешавад. Оне, ки бо дасту дили пок хизмати меҳанашро ба сомон мерасонад, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор мегирад.

НАФАРОНИ ЭҲТИЁҶМАНД ҲАМЕША ЗЕРИ ТАВВАҶУҲИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД

КӮЛОБ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати башардӯстона ва ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешравиҳои зиёде дар бахши  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла дар самти дастгирию кумаки ятимону бепарасторон ба вуқуъ пайваста, нафарони эҳтиёҷманд ҳамеша зери тавваҷуҳи давлату ҳукумат қарор доранд.

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД”

КӮЛОБ. Тибқи нақша чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и назди Кумитаи иҷроия бахшида ба 76-солагии Иди Ғалаба Аксияи хизбӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” доир гардид.

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИЮ МАШВАРАТӢ БО ФАРОГИРИ МАВЗӮҲОИ МУХТАЛИФИ РӮЗМАРРА

КӮЛОБ. Бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишию машваратӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

НАВРАСОН БОЯД ДАР РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДОГОҲӢ БА ВОЯ РАСАНД

ВОСЕЪ. Тарбия намудани насли ояндасози миллат амали саҳлу осон набуда, аз аҳли ҷомеа, омӯзгорону волидон ирода ва саъйю талоши ҳамешагиро талаб мекунад, қайд кард, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ зимни вохӯрӣ бо мураббияҳои ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Офтобак-Боғчаи №2”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия.

КУМАКИ ҲИЗБИЁН БА СОКИНОНИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДА

ВОСЕЪ. Дасти ҳамдигарро гирифтан, дар ғаму шодии якдигар шарик шудан, дар мусибат дар бари бародару хоҳари худ рост будан яке аз фазилатҳои хуб ва неки мардуми тоҷик мебошад. Ва аз чунин фазилатҳо сокинони ноҳияи Восеъ низ истисно нест.

ОФАТИ ТАБИӢ БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ НИЗ ЗАРАРИ ХУДРО РАСОНИД

ВОСЕЪ. Ноҳияи Восеъ, дар ҳамворӣ воқеъ гашта, аз ин ноҳия се дарё Сурхоб, Ёқсу ва Кӯлобдарё мегузарад. Селе, ки аз ноҳияҳои кӯҳӣ, Балҷувону, Ховалинг, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Темурмалик мефарояд, ба ин дарёҳо рехта аз ноҳияи Восеъ мегузарад. Бо ҳамин сабабҳо вақти гузаштани сел, дар ин ноҳия хатари офати табиӣ зиёд мешавад.

АЗ КУРСИ ОМӮЗИШИИ ҶАВОНОН ТААССУРОТИ НЕК БАРДОШТАНД

ВОСЕЪ. Ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дарсҳои курси омӯзишии “Созандагони Ватан” гузаронида мешавад.

БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТИ ОФАТИ ТАБИӢ АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН

ВОСЕЪ. Тағйирёбии иқлим на танҳо ба муҳити зист таъсир мерасонад, балки боиси сар задани ҳама гуна офатҳои табиӣ мегардад. Бахусус, гарм шудани ҳаво метавонад боиси тез об шудани пиряхҳо ва сероб гаштани дарёҳо гардад, ки ин ба омадани сел оварда мерасонад. Инчунин, тағйирёбии иқлим боиси боридани боронҳои  сел, жола мегардад.

ҲХДТ ҲАМЕША ДАР ПАҲЛУИ ХАЛҚ АСТ

ВОСЕЪ. Бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ кормандони масъули ҳизбӣ, сокинони хайрхоҳи ҷамоати мазкур, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои тозакунии кӯчаҳо ва хонаҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарадида аз лойоба бо маром идома дорад.

НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША ЗЕРИ ТАВАҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

ВАХШ. Ҷиҳати дасти кумак расонидан ба шахсони ятиму бепарастор, барҷомондагон ва шахсони ниёзманд дар иду ҷашнҳо бахшида ба иди сайиди Фитр ба як нафар ниёзманд аз ҷамоати шаҳраки Вахш Маҳмадиев Умаралӣ кумаки моддӣ расонида шуд.

БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ХАЙРИЯВӢ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Ҷ. БАЛХӢ. Бо ҷалби вакилон, соҳибкорон ва саховатмандон бахшида ба иди Сайиди фитр бо дастгирии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ваҳдат”  ба оилаҳои ниёзманд ва маъюб кумаки моддӣ,  аз қабили орд, равған биринҷ, шакар ва дигар маҳсулотҳои ғизоӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg