БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ҲАР ГУНА МУШКИЛОТИ ЭҲТИМОЛӢ БОЯД ОМОДА БОШЕМ

Н. ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Носири  Хусрав   ҷиҳати  иҷрои супоришҳои роҳбарияти болоии  ҳизб вобаста ба афзоиш  додани истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ, захираи  кофии  маводи хӯрока, истифодаи  самараноки обу  заминҳои  корам ва наздиҳавлигию президентӣ  дар  асоси дастуру  ҳидоятҳои Раиси  муаззами  ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,   Кумитаи  иҷроия  ҳамарӯза   дар  деҳот бо  усули  «хона  ба хона» корҳои  фаҳмондидиҳиро  роҳандозӣ  менамояд.

Ин  навбат  масъулин дар  деҳаи  Бешкенти  ҷамоати деҳоти Истиқлол  вохӯриҳо  баргузор  намуда, ба  хонаҳои сокинон  ташриф  оварда,     истифодаи  самараноки  заминҳои наздиҳавлигиашонро  дидан  намуданд.

Ҳамчунин   вусъати  корҳои  созандагию  ободонӣ   ба  истиқболи сазовори 30-  солагии  Истиқлолияти  давлатӣ, рангу  бори манзили  зист, татбиқии  ҳатмии қонунҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  « Дар бораи  танзими  анъана  ва ҷашну  маросим дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон», «Дар  бораи   масъулияти  падару  модар  дар таълиму  тарбияи фарзанд», мулоқоту  суҳбатҳо   баргузор  намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg