БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

04 Май 2021

ВОРУХ ҚИСМИ ҶУДОНОПАЗИРИ ТОҶИКИСТОН

Ҳодисаҳои охири дар Ворух рухдода моро водор мекунад, ки зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳем. Пеш аз ҳама гуфтани як нукта хеле муҳим аст, ки Ворух қисми ҷудонопазири Тоҷикистон буд, ҳаст ва мемонад.

ҲИМОЯИ МАРЗ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

ВОКУНИШ. Дар таърихи миллати тоҷик корнамоиҳои зиёде сабт гардидааст, ки бештари онҳо барои ҳимояи меҳан, сарзамин, нангу номуси ватандорӣ мебошанд. Корнамоиҳои Шерак, Темурмалик, Восеъ, шаҳодати он аст, ки ин миллат дар ҳама давру замон бо паҳлавонону сарбозонаш тавонистааст худро ҳифз намояд.

ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҲИЗБӢ БА ДАВРИ ВИЛОЯТӢ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

Ш.ШОҲИН. Ҷиҳати  татбиқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ бо мақсади татбиқи босамару вусъати ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии чавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа ва ташвиқу таблиѓи ѓояҳои созандаи башарпарваронаи Ҳизб

ВУСЪАТИ КИШТУКОРИ БАҲОРӢ БО МАҚСАДИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

ШАҲРИТУС. Аз  ҷониби  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии “Гулистон”-и ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов дар якҷоягӣ бо гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ бо усули  “хона ба хона”  вохӯрӣ доир гардид.

ҲАДАФ: КОҲИШ ДОДАНИ ТАЪСИРИ ОМИЛҲОИ БЕРУНА БА ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ

ШАҲРИТУС. Дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров бо иштироки  масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, ҷавонон, фаъолон  ва дигар шахсиятҳои расмӣ, вохӯрӣ ва суҳбатҳо доир гардид.

АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАҲРИ ПОСИ ХОТИРИ ГУЗАШТАГОН

А.ҶОМӢ.  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  якҷоя бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти “Яккатут”  оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳи Хуросони   ҷамоати деҳоти мазкур аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ”-ро доир намуд.

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҲАРАКАТИ ҲИЗБӢ

ҶАЙҲУН. Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон оид ба баланд бардоштани обрӯву нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар байни чомеа ва ҷиҳати хубтару беҳтар намудани ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар бинои маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти “Панҷ” бо роҳбарону котибони масъули ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Панҷ”, “Сари-пул” “Фатҳобод”, “Файзбахш”, “Кӯҳдоман”, “Розиқобод”, “Рӯд

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Н.

ҲИЗБИЁН ДАР ОБОДОНИИ ДЕҲОТ ҲИССА МЕГУЗОРАНД

Н. ХУСРАВ.  Бо  мақсади   сазовор истиқбол  намудани  30- солагии  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  корҳои    ободонию  созандагӣ   босуръат  идома  дорад.

БО ЗАМИН ҶИДДӢ БОЯД МУНОСИБАТ КАРД

ХУРОСОН. Бо мақсади баргузории корҳои ободонӣ  ва самаранок  истифода  бурдани  заминҳо дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон  Аксияи   ҳизбӣ таҳти унвони  “Тоза кардани заминҳо”  доир гардид.

НАВРАСОН БА ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОМОДАГИИ ҶИДДӢ МЕБИНАНД

ХОВАЛИНГ.  Дар баробари таблиғу ташвиқи   озмунҳои  ҷумҳуриявӣ  миёни ҷавонон аз  тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  бо хонанагони синфҳои ибтидоӣ низ  вохӯриву  суҳбатҳо доир намуданд.

ҶАВОНОН СОЗАНДАГОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД

ХОВАЛИНГ. Бо  иштироки мудири шубаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Исфандиёр Саидмаҳмудов  бо ҷавонони омузишгоҳи №13-и ноҳия  оиди ҷалб намудани онҳо   ба касбу кори гуногун суҳбат доир карда шуд.

ЁРИИ МЕТОДӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба онҳо барои  ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, гӯшаҳои ҳизбӣ ёрии методӣ мерасонанд.

ИНТИХОБИ ДУРУСТ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

ФАРХОР. Бо мақсади тарғибу ташвиқи пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, самаранок истифодабарии қувваи барқ ва ҳамзамон, шарҳи моҳияти озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи сибҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, ва “Илм фурӯғи маърифат” дар ҳудуди шаҳраки ноҳия бо усули “хона ба хона” гардиш доир  намуданд.

КУРСИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”

ФАРХОР. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия дарси навбатии курси омӯзишӣ барои аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳияи Фархор дар Гимназияи давлатии ноҳия  баргузор карда шуд.

ВОРУХ-ҚИСМИ ҶУДОНАШАВАНДАИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ

АНДЕША. Сарчашмаҳои таърихӣ ишорат мекунанд, ки аз қадим то кунун мардуми тоҷик сулҳу суботро асоси пешрафти ҷомеа мешуморид ва намехост ба ҳамсояҳои худ дар муноқиша қорор дощта бошанд. Тоҷикон даъвои аз худ кардани ягон пораи замини кишварҳои ҳамсоя набуд, нест ва дар ин замина ҳеҷ гоҳ ягон пораи замини муқаддаси худро ба дигарон нахоҳад дод.

ҒУРУРИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН ШИКАСТНОПАЗИР АСТ!

АНДЕША.  Тайи ду рӯзи ахир вазъи сарҳади давлатӣ дар минтақаи сарҳадии Ҷамоати деҳоти Ворӯх шаҳри Исфара хеле муташаниҷ буда,  тамоми  ҷавонони ватандӯст омодагии худро дар муҳофизати марзи Ватан аз нуқоти гуногуни ҷумҳурӣ изҳор медоранд. Хеле боиси ифтихору сарфарозист, ки масъалаи ҳифозати марзи давлатӣ дар минтақаи Ворӯх ҷавонони зиёдеро  бо ҳам овард.

ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ

ТЕМУРМАЛИК. Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 - и ҷамоати деҳоти Ҳусайнободи ноҳияи Темурмалик дар  ҳайати раиси   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳияи  Темурмалик  Раҷабзода Маҳмадсаид, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  Абдулманонов Сорбон  вохӯрӣ доир гардид.

ИҒВОЮ МАНФИАТҲОИ ГЕОПОЛИТИКИИ МАНСАБДОРОНИ ҚИРҒИЗ БЕЭҲТИРОМӢ ДАР ҲАҚҚИ ҲАМСОЯ АСТ

ВОКУНИШ.  Воқеаҳои  рӯзҳои  охири   сарҳади  байни  Тоҷикистону Қирғизистон  дар ҷамоати деҳоти  Ворӯхи  шаҳри Исфара  рух  дода, ки  бо  айби  мансабдорони  давлати  ҳамсояи  Қирғизистон   боиси  марги  инсонҳо  гардид,  гуноҳи нобахшиданист.

КИТОБХОНАРО ДАР ГУЗАШТА ХАЗИНА ВА ГАНҶИНА МЕГУФТАНД

ЛЕВАКАНТ. Вобаста ба ин, гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Абдулҳаева М., Халилова Н. мудири бахши маорифи шаҳр Н. Ашӯров, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора  аз вазъи китобхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва Литсейи давлатии №2 бозбинӣ намуданд.

КӮР БОД ЧАШМИ ДУШМАНОНИ ТОҶИКИСТОН!

ВОКУНИШ. Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар майдони сиёсат гурӯҳҳои тундраву характери террористӣ – экстеремистӣ ворид шуданду ба сари халқу миллати тоҷик хоку хун рехтанд.

САРБОЗИ ВАТАН-МОДАРИ ВАТАН ПУШТИ ТУ КӮҲ АСТ

ВОКУНИШ. Имрӯз самти кӯҳи модари Ватан тир андохтанд, тири андуҳ, тири маломат, тири бухлу ҳасудӣ ва билохира тири номардӣ. Модари тоҷике, ки тафаккури миллиаш ҳазорсола асту дунявият.

РОҲСОЗӢ БА ҶОЙИ МАЪРАКАҲОИ АЗОДОРӢ

ПАНҶ. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бӯстон” бо ҷалби аъзо  ва фаъолони ташкилоти и

БО МАҚСАДИ САЗОВОР ҶАШН ГИРИФТАНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

ҶАЙҲУН. Дар ҳошияи дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар ноҳияи Ҷайҳун  биноҳои замонавӣ ва боғу гулгаштҳои зебо сохта ба истифода дода шуда, ба ноҳия ҳусну таровати дигар зам менамояд.

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР ДЕҲОТ

ПАНҶ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заринкамар”-и ҷамоати шаҳраки Панҷ бо иштироки  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳия оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва  риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гашт.

ВОРУХ УНВОНИИ МАВЗЕИ ҚАҲРАМОН, МАРКАЗИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИРО САЗОВОР АСТ

АНДЕША.   Чуноне,ки мо ҳамагон огаҳем  ва  аз  таърихи  миллати куҳанбунёди тоҷик  хуб  медонем, сабабҳои асосии сар задани нофаҳмиҳо ва моҷароҳои марзии байни мову бародарони қирѓиз   аз замони тақсимоти ноодилонаи марзию маъмурии саркардагони империяи бузурги Шӯравӣ маншаъ гирифта, рӯз то рӯз  балоҳои азимеро ба бор оварда, то имрӯз вазъияти ин мавзеи таърихиро куллан   печидатару мураккабтар  ва  ба  бархурду баҳсҳои доманадори б

АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁНИ КӮЛОБ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАРҒИБ МЕГАРДАНД

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ватаншо Шамсов” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саъбагул Валиева ва Мунаввараи Бозоралӣ ҷиҳати тарғиби озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”,  “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат”, инчунин озмуни ҳизбии “Мо бо шумоем!” вохӯрӣ доир гардид.

ЯК МУШТ ХОКИ ВАТАНРО КАМ НАХОҲЕМ КАРД

ВОКУНИШ. Вақтҳои охир баъзе аз ашхоси ба косаи дӯстӣ оби касифандохтаи қирғиз бо ҳар баҳонаву ҳиллаву найранг феъли куҳнаи чингизии худро ба кор андохта,    низоъ бармехезонанд.  Охир  ин низоъ ба авҷи аъло бархоста, табъи ҳамаи моро хира намуда истодааст.

ИҒВОГАРОНУ ДАССИСАБОЗОН БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

ВОКУНИШ. Қобили зикр аст, ки чунин иғвогариву дассисабозӣ аз ҷониби қирғизҳо бори аввал нест. Сокинони минтақаи Ворух ва Чоркӯҳи Исфара бо таҳаммулпазирӣ ва риояи олии оини ҳамсоядорӣ аксари вақт худдорӣ ва ақибнишинӣ мекунанд. Вале қирғизҳои худхоҳ аз ин амали бошарафи тоҷикон сӯистифода намуда, даст ба куштори мардуми бегуноҳ мезананд.

ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОН ВА НАҚШИ ҶАНГОВАРОНИ ТОҶИК ДАР ҒАЛАБАИ ОН

АНДЕША. Ҷанги    дуюми  ҷаҳон   01.09.1939   оғоз   гардида,   баъди   таъсисёбии  фашизм   дар  давлатҳои   Аврупоӣ  ва  ба сари  қудрат  омадани Адолф   Гитлер  ӯ тамоми   мамлакатҳои    Аврупоиро   ба монанди   Франсия,  Италия,  Австрия,   Чехия, Полша, Венгрия,  Руминия, Югославия  ва дигаронро   бе  ягон   ҷанг   ба  зери   тассаруфи  худ   дароварда,   армия   ва яроқҳои  ин кишварҳоро   ҷамъ  намуда, барои 

ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО ОБОДУ ЗЕБО МЕКУНЕМ!

ДӮСТӢ. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар боғи фарҳангии ноҳия, бо иштироки кормандони масъули ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳия шанбегии умумӣ гузаронида шуд.

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО СОКИНОН ОИД БА МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ

ДӮСТӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ҳамкорӣ бо Бахши муҳоҷирати ноҳия ва бо иштироки намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо як қатор шаҳрвандони ноҳияи Дӯстӣ, ки нияти сафар ба Федератсияи Россияро доранд,  суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.

ТУРСУНЗОДА – ШОИРИ ЗИНДАЁД ВА ҚАҲРАМОНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

ДАНҒАРА.  Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара  бахшида ба 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №8 – и ҷамоати деҳоти И. Шариф таҳти унвони « Мирзо Турсунзода - вассофи сулҳу дӯстӣ » Конфронси илмӣ - адабӣ баргузор гардид.

ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ҶИДДӢ БОЯД МЕБОЯД

ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТМУ №61”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯрӣ гузаронида шуд.

ҶАВОНОНИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР ВА БОСАВОД ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД

ВОСЕЪ.  Бо мақсади ба низом даровардани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва беҳтар намудани ҳуҷҷатгузории дохилиҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ МТМУ 27”-и деҳаи Ҳасан Қурбони ҷамоати деҳоти Тугарак бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ  доир гардид.

ВАЗИФАИ МО ҶАВОНОН ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ТИНҶИВУ ОРОМИИ ВАТАН АСТ

ВОСЕЪ.  Ҳар як ҷавони худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии Ватан, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу Ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад.

ҲИФЗИ ВОРУХ РИСОЛАТИ АСЛИИ МО ҶАВОНОН АСТ

ВОКУНИШ. Ватан калимаи муқаддас аст. Ватан-Модар барои ҳар як шахси худогоҳу хештаншинос порае аз тан ва нафасе аз ҷон мебошад. Ҳар як пораи хок ва ҳар як қатраи оби Ватан барои пиру ҷавони он чун дуру гуҳар аст.

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНДУХТАРОН БО ТУҲФАҲОИ ХОТИРАВӢ

ВАХШ. Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56  бо мақсади иҷрои бандҳои нақшаи кории шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии «Маърифатчиён» ҷавондухтарони  муассисаҳои таълимӣ дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуда, маҳорати хешро нишон доданд.

ИДОМАИ КУРСИ ОМӮЗИШИИ «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН»

ВАХШ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб ва инчунин, барои баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии ҷавонон дарси навбатии курси омӯзишии «Созандагони Ватан» баргузор шуд.

ВОХӮРӢ ДАР КОЛЛЕҶИ “ДАВО”

БОХТАР. Дирӯз  гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби ҷавонон бо донишҷӯёни коллеҷи тиббии “Даво” вохӯрӣ доир намуданд.

МАҚСАД: САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ҲАР ВАҶАБ ЗАМИН

БАЛҶУВОН. Оид ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу заминҳои корам ва наздиҳавлигию президентӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ пайваста  байни сокинон ва аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯрию мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор

ПЕШВОИ ҒАМХОРИ МО

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи вазнини таърихи навини Тоҷикистон ба сари қудрат омад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg