Н. ХУСРАВ. Масъулин Кумитаи иҷроия дар деҳаи ба номи Ҳамро Олимови ҷамоати деҳоти Истиқлол бо ва ҷавонону наврасон хониши сиёсӣ баргузор намуда, қайд карданд, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат дар баробари дигар масъалаҳои муҳим мубориза бо терроризму ифротгароӣ низ таъкид шудааст, ки терроризму экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, тамоми дунёро ба ташвиш овардааст. Онҳо бо амалҳои экстремистию ваҳшонияти худ, ки боиси бадбахтии ҳазорон мардумони бегуноҳ, аз ҷумла калонсолону кӯдакон гашта, қатлу куштор ва рехтани хуни ҳазорон мардуми бегуноҳ мегарданд, ба анҷом расонанд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ба яке аз мушкилоти умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст.
Шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои техникии муосир барои аксари ҷавонон имрӯзҳо дастрас аст. Мубаллиғони гурӯҳҳои ифратгарою террористӣ аз онҳо хело моҳирона истифода бурда, мағзи сари наврасону ҷавононро бо ғояҳои дурӯғину харобиовар заҳролуд мекунанд ва бо гапҳои пучу ваъдаҳои ҳавоӣ моил месозанд. Ба ин гурӯҳҳо аз ҳама бештар ҷавонони бекор онҳое, ки бо меҳнати ҳалол намехоҳанд рӯз гузаронанд, ба доми онҳо меафтанд ва гумон мекунанд, ки хоҷагони террорист дар оянда ба онҳо зиндагии серу пурро таъмин менамоянд. Вазифаи падару модарон, омӯзгорон ва ҳар як фарди худшиносу ватандӯст вазифадоранд пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гиранд, онҳоро ба роҳи рост ба бунёдкориву созандагӣ ҳидоят намоянд.
Сипас, сокинон ва ҷавонон ин гуфтаҳои масъулинро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҳамовозии худро барои пешгирӣ ва татбиқи амалҳои неку шоиста иброз доштанд.