БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУМАКИ ҲИЗБИЁН БА СОКИНОНИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДА

ВОСЕЪ. Дасти ҳамдигарро гирифтан, дар ғаму шодии якдигар шарик шудан, дар мусибат дар бари бародару хоҳари худ рост будан яке аз фазилатҳои хуб ва неки мардуми тоҷик мебошад. Ва аз чунин фазилатҳо сокинони ноҳияи Восеъ низ истисно нест. Чанд  рӯз аст, ки дар паҳлуи шахсоне, ки аз боришоти шадид ва сели рӯзи 11.05.2021 зарардидаанд,  мебошанд.

Бояд қайд намоем, ки дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия корҳои тозаву сариштакунии хонаҳои сокинони аз офати табиӣ зарардида то ҳол идома дорад. Дар ин кори хайр аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” низ саҳми худро гузошта истодаанд. Онҳо аз сидқи дил ҳавлиҳои сокинонро аз лойобае, ки сел овардаст, тоза намуда истодаанд.

Ҳамзамон, дар ҷамоати номбурда кормандони Идораи обёрикунӣ ва беҳдошти замин якҷоя бо сокинон ва аъзои фаъоли ҳизб барои дар оянда пешгирӣ намудани чунин офатҳо ба кандани заҳбуру заҳкаш ва селпарто пардохтаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg