БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР БУНЁДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

АНДЕША. Чуноне ки огоҳӣ  дорем, Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамояд, ки 70% -и ҷомеаи навини комилро ҷавонон ташкил мекунанд ва  қувваи  бузурги пешбарандаи  ҷомеа ба  ҳисоб  мераванд.  Аз ин  хотир  имрӯз соҳае нест,  ки дар он ҷавонони бонангу номус кору фаъолият надошта бошанду сарварии ташкилоту корхонаҳои кишварро  низ ба зимма   гиранд.  Зеро   ки  таваҷҷуҳи  Сарвари  давлат ба онҳо зиёд буда, пайваста ҷавононро дастгирӣ ва пуштибонӣ  менамоянд.   Таваҷҷуҳи  Президенти   мамлакат  аст, ки ҷавононро  дар корҳои баландпояи кишвар таъин намуда,  баҳри тарбияи    онҳо   дар зинаҳои   гуногуни идоракунии мансабҳои давлатӣ пешбарӣ менамоянд.    Бояд қайд кард, ки    имрӯзҳо     ҷавонон   боиси ифтихору   сарбаландии  мо мебошанд, ки   дар корҳои   ободонию    созандагӣ  нақши муҳим     доранд.   Махсусан     агар   ба пойтахти    давлати  Тоҷикистон шаҳри   Душанбе  назар афканем      гуфтаҳои болозикрро бо чашми   худ дида,    дар   воқеъ қонеъ мешавем. Баъди   раиси   шаҳри Душанбе     интихоб шудани   Рустами Эмомалӣ     шаҳр босуръати   кайҳонӣ   рушд карда, дар он  иншоотҳои     азими давлатӣ,   гулгашту хиёбонҳо, боғу ҷойҳои    истироҳатӣ,    фаввораю     майдончаҳои хурду калони    варзишӣ,  бунёди  роҳҳои   замонавию   пулҳои нав,    чароғонкунонии кӯчаю роҳравҳо ва боғу гулгаштҳои    шаҳр,    бунёди    биноҳои    баландошёна  ба шаҳри Душанбе    ҳусни дигареро     зам мекунад, ки   ин  боиси ифтихору сарбаландии   мо тоҷикони   соҳибистиқлол мебошад.  Ҳар сол   Пешвои миллат   дар арафаи   Рӯзи  ҷавонон    бо ҷавонони   соҳаҳои гуногуни ҷомеа   вохӯрӣ ва мулоқотҳои   судманде доир    менамоянд,  ки ин  амал   дигабора  аз сиёсати   пеширифтаи Пешвои миллат нисбати  ҷавонон  гувоҳи  медиҳад. Ҷавонон   ҳангоми мулоқот   ба Пешвои миллат  изҳор    менамоянд, ки  дар воқеъ  ҷавонони имрӯзаи   Ҷумҳурии  Тоҷикистон уштибони сиёсати   ҷавонпарваронаи   Пешвои  миллатанд ва   дар  амалӣ  гардидани     сиёсаташон саҳмгузоранд. ммо  имрӯзҳо     миёни  ҷавонон   ҳастанд  нафароне,  ки бинобар    сабаби     бесаводию  бетарбиявӣ    ҷонибдори ақидаҳои   намояндагони наҳзатиён,  ки  имрӯзҳо   дар бурунмарзӣ   умр ба сар  бурда,  бо ҳаргуна   амалҳои нопоки  худ санги   маломатро  ба сӯйи   сарварони   олии кишвар   меафкананд, ки    ин амали ҷавонмардона   нест. Зеро  ҳар нафар   каҷ истаду   рост  иқрор  шавад,   ки Тоҷикистон  баъди   соҳибистиқлол  гардидан  дар давоми солҳои роҳбарии  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон     чӣ гуна   тараққӣ        ва рушд намудаасту   обрӯяшро  дар арсаи байналмилалӣ  баланд  бардоштааст.     Аз оне, ки санги  маломат  ба сӯйи    мо  ҳаво медиҳанд,  хуб мешуд, ки омада  дар пеши   Сарвари  Олии  кишвар узрхоҳӣ карда, боқимондаи умри   хешро   бо аҳли оилаашон   паси сар мекарданд,   вагарна    то ба охир    дар ғарибию беватани    зиндагӣ   карда   дар сарзамини    бегона   мурда мераванд.   Имрӯзҳо    ҷавонон   хатогиҳои содирнамудаи    ҷавонони  солҳои 90-умро  омӯхта  дигарбора   ба ваъдаю  дурӯғи    хоинони  миллат  бовар намекунанду атрофи   сиёсати   хирадмандонаи   Пешвои   миллат  ҷамъ шуда, баҳри   амалисозии  мақсадҳои Ҷаноби   Олӣ  саҳмзузорӣ   менамоянд.

Ҷавонон   пайравони  Пешвои  миллат  буданд,  ҳастанд  ва хоҳанд  монд.                   

Каримзода Пирмуҳаммад Авғон, раиси  Кумита иҷроияи Ҳизби  Халқии  Демократии   Тоҷикистон  дар ноҳияи   Данғара    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg