БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУРСҲОИ ОМӮЗИШӢ ИДОМА ДОРАНД

ФАРХОР. Дарси навбатии курси омӯзишӣ барои аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и  ноҳия  баргузор карда шуд.

Зимни баргузории дарси мазкур масъулин атрофи мавзӯи “Пешвои раъиятпарвар” баромад намуда, чунин ибрози андеша намуданд, ки мавриди зикр аст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ ба Ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ, халқу миллат ва Ватанро чун фарзандон аз дилу ҷон дӯст медоранд. Баҳри беҳбудии некуаҳволии халқ ва ободии Ватани азиз ҷон фидо мекунанд. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошанд. Ҳамин дӯстдории Пешвои миллат аст, ки халқ дар рӯзи интихоботи навбатӣ аз сари нав Сарвари худ пазируфт, зеро сулҳу ваҳдати миллӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи Пешвои миллат марбут аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg