БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ

ҶАЙҲУН. Меҳнати софдилонаву бошараф дар ҳама давру замон қадр мешавад. Оне, ки бо дасту дили пок хизмати меҳанашро ба сомон мерасонад, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор мегирад.

Дар ин хусус бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод,  раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Зулматов Қобил ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нафтчиён” Насриддинов Шералӣ 13 нафар собиқадорони меҳнат аёдат карда шуда, ба андозаи 3900 сомонӣ ба онҳо кӯмаки молиявӣ расонида шуд.     

Бояд қайд кард, ки ин собиқадорони меҳнат бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравию Ҷумҳурии тоҷикистон, унвонҳои фахрӣ, ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд ва дар корҳои ҷамъиятӣ ҳамеша фаъол мебебошанд.

Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу самимият ва ғамхории доимӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуда таъкид доштанд, ки шукронаи ин давлату ҳукумат ва роҳбари онро мекунанд, ки кишвари азизамон тинҷу ором ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ то рафт боло мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg