ВОСЕЪ. Ноҳияи Восеъ, дар ҳамворӣ воқеъ гашта, аз ин ноҳия се дарё Сурхоб, Ёқсу ва Кӯлобдарё мегузарад. Селе, ки аз ноҳияҳои кӯҳӣ, Балҷувону, Ховалинг, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Темурмалик мефарояд, ба ин дарёҳо рехта аз ноҳияи Восеъ мегузарад. Бо ҳамин сабабҳо вақти гузаштани сел, дар ин ноҳия хатари офати табиӣ зиёд мешавад. Рӯзи 11 май дар натиҷаи омадани сел оби дарёҳо аз меъёр зиёд гардид, ки ин боиси хароб гардидани ҳудуди 156 хонаҳои истиқоматии сокинони ҷамоатҳои деҳоти Гулистон, Абдӣ Авазов ва Худоёр Раҷабови ноҳия гардид.
Бояд қайд намоем, ки ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб, аз ҷумла кормандони масъули ҳизбӣ, волонтёрон ва кормандони МНДРА (ДЭУ) ба ин ҷамоатҳо сафарбар гардида, тӯли 2 рӯз мешавад, ки кӯчаву ҳавлӣ ва хонаҳои сокинони аз сел зарардидаро тоза менамоянд. Ҳамзамон, вакилони ноҳиявӣ низ бетараф набуда, ба хонаҳои зарардида кумаки худро расонида истодаанд.
Ногуфта намонад, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нозироти Андоз” ва ташкилоти ибтидоии “Шабакаи Барқ”-и ноҳия ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида маводи ғизоӣ кумак карданд.
Сокинони хайрхоҳи ноҳия иброз менамоянд, ки ҳама якҷоя аз як гиребон сар бароварда, кумаки худро ба зарардигон идома медиҳем.