БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ҚУВВАИ БУЗУРГИ ҶОМЕАИ МУОСИР

“…Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро иштироки ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо ба ин қувваи бузург сахт алоқаманд аст”.

                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Тоҷикистон аз зумраи он давлаҳоест, ки аксари аҳолияшро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон нерӯ ва тавоноии бузурги созандагӣ, эҷодкорӣ ва навовариро доро буда, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа маҳсуб мешаванд. Дар ҷомеаи мо ҷавононе ҳастанд, ки дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақш ва мавқеи басо муҳимро касб намудаанд.

Сарвари давлат мақоми хоса ва муҳим доштани ҷавононро дар пешравии ҷомеа дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ, ки рӯзи 20-апрели соли 2011 баргузор гардида буд, изҳор намуда, пешниҳод карданд, ки созмони ҷавонони ҲХДТ ба номи «Созандагони Ватан» таъсис дода шавад. Ташкилоти мазкур ба мақсади гузоштани заминаи асосии ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини суботи ҷомеа ва тарѓибу ташвиқи ѓояҳои созандаи ҳизб, мусоидат дар татбиқи ҳадафҳои ҲХДТ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ пеш аз ҳама дар маъракаҳои интихоботӣ, дастгирии номзадҳои пешбини намудаи ҲХДТ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонони ҷумҳурӣ, тарѓиби тарзи ҳаёти солим дар миёни ҷавонон, муқовимат ва пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва таҳрибкорона, азбайн бурдани гурӯҳҳои ифродгаро ва иҷроӣ ҷалби ҷавонон дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба таҳсилу илм фаро гирифтани онҳо тарбия намудан дар руҳияи ватандустию хештаншиноси ифтихори миллӣ ва дигар мақсадҳои оинномавӣ, ки баҳри суботи сиёсии ҷомеа равона шудаанд, таъсис дода шудаст.

Аслан ҷавонони имрӯза дар замони муосир бештар рӯ овардан ба илмҳои дақиқ, барномасозӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ аҳамияти аввалиндараҷа бояд диҳанд. Ҷавонони имрӯза агар аз ин се равия бохабар набошанд, пас ин гуна ҷавононро мо ҷавонони даврони муосир гуфта наметавонем. Ҷавононро мебояд, ки дониш, маҳорат ва зиракии сиёсии худро дар ҳар давру замон нигоҳ доранд, чун ки имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ рӯ овардани ҷавонон ба илмҳои дақиқ ва барномасозӣ муайян мегардад. Имӯзҳо дар арсаи ҷаҳонӣ рейтинги байналмилалии инсон аз рӯи дониш, малакаю маҳорат, навиштану баромад кардан дар семинарҳои илмӣ ва конференсияҳо ва аз чоп баровардани маводҳо, дар маҷаллаҳои илмӣ тасдиқ ва рейтинги онҳо дар арсаи ҷаҳон муайян карда мешавад. Пас мо ҷавононро мебояд, ки ба ин рейтинг ворид шуда, обрӯ ва эътибори миллии худро ва ҷумҳурии азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардорем.

Имрӯзҳо мо мушоҳида менамоем, ки дониши забони тоҷикӣ (давлатӣ) дар байни ҷавонону донишҷӯёни донишгоҳ каме суст аст. Ва ҷавонони имрӯзаи мо шавқи омӯхтани забони тоҷикӣ (давлатӣ)-ро ба дараҷаи қавӣ надоранд. Фарҳанги имрӯзаи суханронии донишҷӯён ҳамчун зиёӣ суст аст. Ҳангоми суханронӣ кардан дар нутқи онҳо  калимаҳои қабеҳи лаҳҷавӣ ва баъзан вожаҳои нолозими русӣ ба кор бурда мешавад, ки ин ба фарҳанги забони давлатии мо зарар мерасонанд.

Аз ин рӯ, яке аз мақсадҳои муҳиму самараноки насли ҷавон ба хотири ҳамқадами замон будан ба маънии васеъаш, аз донишҳои замонавӣ бохабар будан аст. Дар ин самт ҳамеша вобаста ба мутолеаи китоб, аз технологияҳои пешқадам самаранок истифода бурдан, вақтро ҳамчун захираи муҳими инсонӣ қадр кардан ва аз ҳама муҳимаш бо якчанд забонҳои байналхалқӣ ошно гаштан ва тавассути онҳо иттилооти интернетиро барои худ ҳамчун воситаи қаноат намудани талаботи маънавиашон бояд вазифаи асосии худ шуморанд.

Ба ақидаи ман муҳассилин ва ҷавонони даврони соҳибистиқлолии мамлакат бояд дарк намоянд, ки новобаста аз ихтисос ё касби муайян, қонун муносибатҳои муҳимми ҷомеаро танзим менамояд ва онҳо муваззафанд, ки қонунҳои соҳавиеро, ки ба ихтисосашон наздикӣ доранд, ба таври пурра аз худ намуда, барои дар амал татбиқ намудани маданияти ҳуқуқии соҳавии худ тамоми тадбирҳои асосиро андешанд ва риояи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро шиори зиндагӣ намоянд. Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем. Ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мо ҷавонон рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намоянд.

Боиси хушнудист, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Маркази миллии тестӣ ба истифода дода шуд ва ӯ таъкид намуд, ки “Мо барои тарбияи кадрҳои ояндасози мамлакатамон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё карда, доир ба интихоби ҷавонони дар ҳақиқат донишманду ояндадор ҳамаи чораҳои дахлдорро андешида истодаем”.

Ҷавонони мо худогоҳ нестанд, аз ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, таърихи худ, фарҳангу тамаддуни худ ва арзишҳои инсонии худ кам бархурдоранд. Нафароне, қи қадру қиммати инсонӣ, арзиши ҳастии одамиро хуб дарк карда наметавонад ҳеҷ вақт ӯ ҷиҳати арзиши илмию фарҳангии ҷавонӣ ва умри пурарзиши худ комил нестанд. Мо ҷавонон, бахусус ҷавонони даврони Истиқлолият ифтихор мекунем, ки як давлати соҳибистиқлол ва як Сарвари дилсӯзу ғамхор дорем ва дар тӯли 30 - соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кулли соҳаҳо ба пешрафти азим ноил гардидем, хонаамон, зиндагиамон обод шуд. Мо хушбахт аз он ҳастем, ки дар даврони Истиқлолият ба олами ҳастӣ чашм кушодем. Ва шукргузорӣ мекунем Худовандро, ки ба озодӣ расидем ва ҳамин гуна Ватани азиз ва диёри азизу арҷманд дорем, аз ҳавои софу беғубори он нафас кашида озодона умр ба сар мебарем. Вақте ки мо, ҷавонони соҳибистиқлол ба дунё чашм кушодем, халқи мо ба орзуи деринаи худ -истиқлолият расид. Мо, ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо ва ба қадри ҳар зарра хок ва ҳар қатра обе, ки Худованди бузург ба мо ато фармудааст, бирасем ва Ватани азизамон -Тоҷикистонро дӯст дорем. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллат мебошанд. Мо бояд ба қадри ин суханони Пешвои миллат бирасем ва дар рушду нумуи Ватанамон бо меҳнати софдилона саҳми арзанда гузошта, ба Ватан-Модар ва миллатамон хизмат кунем.

Мо боварии комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ нишонаи рушду нумӯ аст ва он моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайвандад. Мо – ҷавонон, зодаи Истиқлолият барои ободии диёри азизи номдорамон Тоҷикистон ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯз аз фарзанди фарзонаи Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азизамон кору пайкор хоҳем кард.

Камолиддинзода Ҷомӣ,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg