БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

ҶАЙҲУН. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди фитр бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод,  раиси Шӯрои соиқадорони ҷангу меҳнат Зулматов Қобил, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нафтчиён” Насриддинов Шералӣ ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ба аёдати 14 нафар собиқадорони меҳнат, сокинони ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, ҷамоати деҳоти Панҷ ва ҷамоати деҳоти Қумсангир рафта, аз зиндагии онҳо дидан намуданд.

Бахшида ба ин иди хайру эҳсон ва меҳру муҳаббат табрикоти худро ба онҳо ва аҳли оилаҳояшон расониданд. Ва ба ҳар яки онҳо ба андозаи 300 сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд.

Пирони рӯзгордида низ ҷавобан ба ин ғамхориҳо миннатдорӣ намуда, аз тинҷиву амонӣ ва осмони софу беғубори Ватани азизамон шукргузорӣ намуда, ба Пешвои муззами миллат ва халқи сарбаланди тоҷик дуои нек карданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg