БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТИ ОФАТИ ТАБИӢ АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН

ВОСЕЪ. Тағйирёбии иқлим на танҳо ба муҳити зист таъсир мерасонад, балки боиси сар задани ҳама гуна офатҳои табиӣ мегардад. Бахусус, гарм шудани ҳаво метавонад боиси тез об шудани пиряхҳо ва сероб гаштани дарёҳо гардад, ки ин ба омадани сел оварда мерасонад. Инчунин, тағйирёбии иқлим боиси боридани боронҳои  сел, жола мегардад.

Кормандони масъули ҳизбӣ бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар хонаи истиқоматии Сафаров Саймуддин, ки ҳангоми боридани борони бошиддат  зарар дида буд, ташриф оварданд.

Ҳамзамон, аз тарафи шахсони саховатпешаву хайрхоҳ ва ҷонибдорони ҳизб ба 3 оилаи аз офати табиӣ зарардида, кумаки моддӣ, аз қабили картошка, пиёз, қанд, чой, макарон биринҷ, шириниҳо ва дигар маводҳои хӯрокворӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg