БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАФАРОНИ ЭҲТИЁҶМАНД ҲАМЕША ЗЕРИ ТАВВАҶУҲИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД

КӮЛОБ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати башардӯстона ва ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешравиҳои зиёде дар бахши  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла дар самти дастгирию кумаки ятимону бепарасторон ба вуқуъ пайваста, нафарони эҳтиёҷманд ҳамеша зери тавваҷуҳи давлату ҳукумат қарор доранд.

Дар ин росто, бо иштироки муовини Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳалимзода Абдураҳмон Достӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Насриддинзода Эмомалӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Имомзода Муҳаммадюсуф, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуллозода Ҷамолиддин, сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳзода Гулҷаҳон,  раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Юсуф ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гулрухсор Шарифзода аз номи Президенти мамлакат ба ятимону барҷомондагон, шахсони яккаву танҳои мактаб-итнернати ёрирасони шаҳри Кӯлоб туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Ҳамчунин, 70 нафар сокини маъюби гурӯҳи якум бо аробачаҳои маъюбӣ таъмин гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg