Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгон ва эҳтиром гузоштан ба насли калонсолу гузашта, эмин нигоҳ доштану ҳифзи оромгоҳҳо ва тарбияи насли наврас дар руҳияи анъанаҳои неки миллӣ Аксияи умумуминоҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» дар ҳамкорӣ бо собиқадорони ҳизб, ходимони дин, дар 2 қабристони деҳаҳо баргузор гардид.
Дар қабристонҳои деҳаҳои Арабхона ва Бешкенти ҷамоати деҳоти Истиқлол бо иштироки васеи сокинон гирду атофи оромгоҳҳо тоза карда шуда, сокинон бо руҳияи баланди инсондӯстона ва арҷ гузоштан ба гузаштагонамон саҳми назарраси хешро гузоштанд.
Дар баргузории амалиёти умуминоҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» зиёда аз 220 нафар сокинон иштирок доштанд.