БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

19 Май 2021

ҲИМОЯИ МАРЗ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКЕИ МОСТ!

ВОКУНИШ. Дар таърихи миллати тоҷик корнамоиҳои зиёде сабт гардидааст, ки бештари онҳо барои ҳимояи меҳан, сарзамин, нангу номуси ватандорӣ рабт доранд. Корнамоиҳои Шерак, Темурмалик, Восеъ, шаҳодати он аст, ки ин миллат дар ҳама давру замон бо паҳлавонону сарбозонаш тавонистааст худро ҳифз намояд.

БО САРҶАМЪИВУ ЯКДИЛӢ ҲАМА МУШКИЛИРО ПАСИ САР ХОҲЕМ КАРД

АНДЕША. Бо фарорасии фасли баҳор ё тобистон дар натиҷаи боришоти зиёд ҳамасола дар саросари ҷаҳон миқдори зиёди офатҳои табиӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки дар натиҷа ба солимии аҳолӣ ва соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқ таъсири манфӣ расонида,  рушди иқтисодиёту иҷтимоиётро коҳиш медиҳад.Тибқи маълумотҳои оморӣ чаҳон ҳар соле тақрибан 200 млн нафар аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки илму техника ҳарчанд пешрафт

ОДАМИ БАД ҲЕҶ ГОҲ БА МАҚСАД НАМЕРАСАД

АНДЕША. Ифротгароӣ ва терроризм яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати давлатҳоро барҳам мезанад.

ОДОБИ СУХАНГЎӢ

АНДЕША. Сухан ганҷинаи бузургест, ки баробари аз забон падид омаданаш чун дурри гарон ва ҷилобахши шунавандаро ба худ ҷалб менамояд. Хоҳ ҷолиб бошад, хоҳ не. Сухан тиреро мемонад, ки баробари аз камон ҷастан метавонад касеро ё чизеро ҳалок созад. Сухан нӯшдорӯеро мемонад, ки беморонро қуввату мадор, ҳастию тавон ва нерӯю ҷон ва солимонро ақлу ҳӯш ва заковату ибрат мебахшад.

ТАШНАРО ЯК ҚАТРА ОБ АЗ ГАНҶИ ДУНЁ БЕҲТАР АСТ...

ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Ғафуров Сайдамир дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Чаманистон»-и ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутддин дар д

МО БО ШУМОЕМ!

ҲАМАДОНӢ. Бо мақсади татбиқи босамар ва ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа ва ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаву башарпарваронаи ҲХДТ озмуни “Мо бо шумоем” - ро барои кӯдакону наврасони синни аз 6 то 18 сола эълон кардааст.

ИСТИҚЛОЛИЯТ БАРОИ МАРДУМИ ТОҶИК РӮЙДОДИ БУЗУРГИ ТАЪРИХӢ

АНДЕША. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намояд. Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.

ҚОНУНИ ТАНЗИМ ҶАШНУ МАРОСИМҲОРО БА ЭЪТИДОЛ ОВАРД

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фалак” бо иштироки   корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Таварзода Азизҷон ҷиҳати  дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохӯрӣ доир гардид.

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҲИЗБИИ “МО БО ШУМОЕМ!” ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ.  Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирӣ намудани ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазири ҷомеа инкишофи қобилияти эҷодӣ, бадеии кӯдакону наврасони маъюб, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаи ҳизб ва сазовор истиқбол

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ САНАИ МУҲИМИ ТАЪРИХИСТ

КӮЛОБ. Бахшида ба сазовор истиқбол намудани  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб корҳои бунёдкорию созандагӣ бо маром идома доранд.

ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Дилноза Шоева ҷиҳати муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман” доир гардид.

КУМАКИ ҲИЗБИЁН БА ХОНАҲОИ ОСЕБДИДА

КӮЛОБ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб якҷо бо волонтёрон - азъои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроия ҷиҳати бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ ба хонаҳои сокинони маҳаллаи  “С. Даминзода”-и шаҳр рафта, манзили зисти онҳоро аз харобиҳои селхезӣ тозаю озода намуданд.               

УЗВИ ҲХДТ БУДАН ШАРАФ АСТ

ДӮСТӢ. Ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, сари вақт пардохт кардани ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ бо иштироки кормандони масъули КИН, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Озодагон" суҳбату вохурӣ доир карда шуд.

АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ "ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН"

ДӮСТӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар доираи Амалиёти ҳизбии "Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман" кормандони масъули Кумитаи иҷроия бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Литсейи касбии техникӣ-25" суҳбату вохӯрӣ доир намуда, вобаста ба тақвият бахшидани корҳои ҳизбӣ, саривақт супоридани аъзоҳаққӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва доштани шаҳодатномаи

ҶАВОНОН НЕРӮИ БУЗУРГИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

АНДЕША. Эълону дастгирии соли ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар баҳри  мустаҳакамгардонии меъёри ватандӯстӣ, таркиботи  андешаи миллӣ аст ва аз худшиносии  миллии насли ҷавони кишвар дарак медиҳад.

ВОХӮРӢ БО ГИРАНДАГОНИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ВА ҶАВОНОНИ ЯТИМ

ДАНҒАРА.  Бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”  аз ҷониби  шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара вохӯрӣ  бо ҷавонони ятим ва тибқи квотаи Президентӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара таҳсилдошта  таҳти унвони “Нақши ҷавондухтарон дар татбиқи сиёсати Пешвои миллат” доир гардид.

СИФАТНОКИИ МАҲСУЛОТҲОИ КИШОВАРЗӢ АЗ МЕҲНАТИ ПУРМАҲСУЛИ МО ВОБАСТА АСТ

ДАНҒАРА. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара вобаста ба такроран кишт кардани маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои корам  ва наздиҳавлигӣ корҳои таблиғотиро дар ҷамоати деҳоти Пушинг дар деҳаи Пушинг ҷоннок карда, бо сокинони деҳа вохӯрӣ доир намуданд.

ВАКИЛОН БА ЭҲТИЁҶМАНДОН ДАР ҲАМА МАВРИД ЁРӢ МЕРАСОНАНД

ВОСЕЪ. Кумак ба нафароне, ки аз офати табии зарар дидаанд, аз тарафи шахсони саховатпеша ва хайрхоҳи ноҳияи Восеъ то ҳол идома дорад.

НАТИҶАИ МЕҲНАТ ВА ОМӮХТАН ИН МУВАФФАҚИЯТ АСТ

ВОСЕЪ. Ташкили курси омӯзишии “Созандагони Ватан” барои ҷавонон хеле саривақтӣ буда, ҳар як мавзӯе, ки дар ин курс дарс дода мешавад, дар ҳамаи марҳилаи зиндагӣ лозим буда, якояки шуморо дар рӯҳияи  ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ тарбия менамояд, гуфт дар дарси навбатии курси омӯзишии “Созандагони Ватан”  Ситамов Қурбон-ҳуқуқшиноси давлатӣ дар ноҳияи Восеъ.

КУМАК БА ЭҲТИЁҶМАНДОНУ МАЪЮБОН – ПАЙГИРӢ АЗ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВОСЕЪ. Дарахт бо обу инсон бо меҳр месабзад. Аз рисолати инсонист агар шахс як эҳтиёҷманд ё маъюбро дар ҳолати нороҳатию афсурдагӣ бинад, ӯро хурсанд ва эҳсоси маъюбиро аз ӯ дур кунад.

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МО БО ШУМОЕМ!” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Ҷ.БАЛХӢ. Дирӯз дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷамъбасти давраи якуми озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо шумоем!” баргузор гардид.

ҶАВОНОН - НЕРӮИ СОЗАНДА

АНДЕША. Ҷавонон нерӯи созанда, бунёдкор ва посдорандаи таъриху тамаддуни  аҷдодони хеш мебошанд. Имрӯзҳо таваҷҷуҳи Хукумати мамлакат бештар ба ҷавонон равона карда шудааст, ба ҳамин хотир дар ҳама шаҳру ноҳияҳо майдончаҳои варзишӣ, китобхона ва марказҳои омӯзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки ин ҳам бошад барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши онҳо кумак мерасонад ва боиси таҳсин ва дастгирӣ аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg