КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фалак” бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Таварзода Азизҷон ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохӯрӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ Таварзода Азизҷон қайд намуд, ки қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба довталабоне, ки барои аъзо шудан ба ҳизб ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ билетҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.