БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - НЕРӮИ СОЗАНДА

АНДЕША. Ҷавонон нерӯи созанда, бунёдкор ва посдорандаи таъриху тамаддуни  аҷдодони хеш мебошанд. Имрӯзҳо таваҷҷуҳи Хукумати мамлакат бештар ба ҷавонон равона карда шудааст, ба ҳамин хотир дар ҳама шаҳру ноҳияҳо майдончаҳои варзишӣ, китобхона ва марказҳои омӯзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки ин ҳам бошад барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши онҳо кумак мерасонад ва боиси таҳсин ва дастгирӣ аст. Мо ҷавононро мебояд, ба қадри ин ҳама ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат расем ва дар корҳои созандагию бунёдкории ин сарзамини биҳиштосое, ки ном Тоҷикистон аст, саҳми арзанда дошта бошем. Донистани эҳтирому арзишҳои муқаддасоти миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳар яки онҳо ва дар баробари ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси кишвар мебошад. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд».

Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Имрӯз қисми асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода мекунад.

Давлату Ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда муносибат намуда, нақши онҳоро дар пешрафти кишвар басо муҳим ва арзанда мешуморанд. Мо ҷавононро мебояд, ки ба ин эътиқоду боварие, ки Пешвои миллат нисбати мо ҷавонон доранд, содиқ бошем. Мо ҷавонон ба Пешвои миллат ваъда додаем, ки ҳар зарра хок, ҳар қатра об ва ҳар санги онро муқаддас дошта, барои баланд бардоштани номаш содиқона хизмат мекунем.

Бекмамадов Асалмамад, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg