БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАИ МЕҲНАТ ВА ОМӮХТАН ИН МУВАФФАҚИЯТ АСТ

ВОСЕЪ. Ташкили курси омӯзишии “Созандагони Ватан” барои ҷавонон хеле саривақтӣ буда, ҳар як мавзӯе, ки дар ин курс дарс дода мешавад, дар ҳамаи марҳилаи зиндагӣ лозим буда, якояки шуморо дар рӯҳияи  ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ тарбия менамояд, гуфт дар дарси навбатии курси омӯзишии “Созандагони Ватан”  Ситамов Қурбон-ҳуқуқшиноси давлатӣ дар ноҳияи Восеъ.

Зимнан Ситамов Қурбон дар мавзӯи  “Мисолҳо аз таҷрибаи бойи шахсони муваффақи ҷаҳон” ба иштирокдорони курс дарс гузашта, қайд кард, ки бузурге гуфтааст “Барои муваффақият ҳеҷ чизи махфӣ вуҷуд надорад. Ин натиҷаи омодагӣ, меҳнат ва дарс омӯхтан аст”. То он лаҳзае, ки инсон дар худаш боварӣ ҳосил накунад, ки аз уҳдаи амале баромада метавонад, ҳеҷ сухан, маслиҳат ва ё нафаре қодир нест, ки ҳаёти ӯро ба сӯи муваффақият бубарад. Барои муваффақ шудан дар кору рӯзгор аввалан хуб мешавад, ки назди худ мақсад гузорем.

Бояд қайд намоем, ки ин дарси баргузоршудаи Созандагони Ватан бо саволу ҷавобҳои ҷолибу шавқовар ба поён расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg