БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

03 Май 2021

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ҲАР ЯК КИШВАР

Н.ХУСРАВ.  Масъулини  Кумитаи  иҷроия   нуктаҳои  Паёми  имсолаи  Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи  самтҳои  аслии  сиёсати  дохиливу хориҷии  ҷумҳурӣ»  ҳамарӯза   бо  усули  «хона  ба  хона»  ва  ташкилот  ба  ташкилот  гузаронида истодаанд.

МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН –МОҲИ АМАЛҲОИ ХАЙРУ САВОБ АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар  моҳи шарифи Рамазон  вобаста  ба дастгирии  қишрҳои  осебпазир  ва  эҳтиёҷманди   ҷомеа, ки  яке  аз ҳадафҳои  хайрандешандаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон муҳтарм  Эмомалӣ  Раҳмон мебошад,  масъулини  Кумитаи  иҷроия амалҳои хайру  савобро  роҳандозӣ  намуда  истодаанд.

ХОНАНДАГОН БА ХОНДАНИ КИТОБ ВА ИШТИРОК ДАР ОЗМУНҲО ҲИДОЯТ ГАРДИДАНД

ХОВАЛИНГ.  Дар суҳбате, ки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 гузарониданд, ба хонандагон дар бораи озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифат” маълумот дода, хонандагонро барои мутолиаи китоб ва иштирок дар  озмунҳои мазкур   ҳидояту роҳнамоӣ намуданд. 

ТАЛАБОТИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ БА СОКИНОН ФАҲМОНИДА ШУД

ХОВАЛИНГ.  Бо иштироки  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  Бобоҷон Зоиров ва Фархундаи Ато дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 бо падару модарони хонандагон доир ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, риояи талаботи беҳдоштӣ ва вусъати корҳои

МАЪЮБОН ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

ФАРХОР. Тибқи дархост ва рӯйхати пешниҳоднамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ва дар робита ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаи ниёзманд бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии “Фархор №57”,  раиси ташкилоти ибтидоии “ Муассисаи  давлатии хоҷагии ҷангал”-и ноҳия Ятимов Абдулмумин ба 10 нафар маъюбони ыамоати  шаҳраки Фархор кумаки

ИНШООТҲОИ ГИГИЕНӢ ДАР МАНЗИЛҲОИ ИСТИҚОМАТӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

ФАРХОР. Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳо оид ба истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ сокинон ба сохтани иншоотҳои гигиенӣ шуруъ намуданд.

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН БА МАНФИАТИ МОСТ

Ш.ШОҲИН. Ҷиҳати ичрои тадбирҳои амалӣ доир ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хўрокворӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022  масъулини ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» бо беш

ҶАҲОНРО ХУРРАМӢ АЗ ДЕҲҚОН АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстӣ” - и Ҷамоати деҳоти Ҳусайнободи ноҳияи Темурмалик кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик оид ба  тарғибу ташвиқи  натиҷаи вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Хатлон аз 26 марти со

КОР ВА МАШҚҲОИ ҶИСМОНӢ БАДАНРО СОЛИМ НИГОҲ МЕДОРАД

АНДЕША. Ҳар як инсон агар хоҳад, ки ба беморӣ гирифтор нашавад бояд мунтазам корҳои ҷисмонӣ ё машқҳои ҷисмониро иҷро намояд. Агар нафаре, ки дар деҳот ва маконе зист кунад, ки дар онҷо имконияти кори ҷисмонӣ аст, ҳатман бикунад зеро аз он ҳам фоида мегираду ҳам баданашро солим нигоҳ медорад.

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД

АНДЕША. Бо шунидани  хабари шуми  Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷойи шодию хурсандии бошандагони собиқ давлати Шӯравӣ, аз ҷумла сокинони ноҳияи Ховалингро ғаму андӯҳ фаро гирифт

ХИЗМАТ БА ВАТАН ВА ИМТИЁЗИ НАВ БАРОИ ҶАВОНОН

АНДЕША. Мувофиқи он, ҳар як нафари синну соли хизматӣ ба хидмати Ватан- Модар ҷалб мешавад ва ё ҳатто донишҷӯёне, ки кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро хатм мекунанд, уҳдадоранд, баъди хатми донишкада ва ё донишгоҳ як сол хизмати ҳарбиро адо намоянд ва танҳо дар ин сурат ҳуқуқи гирифтани рутбаи харбии афсариро сазовор мегарданд.

МЕҲНАТИ СОФДИЛОНА РОҲАТ МЕОРАД...

ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаву деҳаҳои ноҳияи Панҷ корҳои фаҳмондадиҳӣ, суҳбату мулоқотҳоро дар мавзӯъи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, аз ҷумла кишти такрорӣ, истеҳсоли захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва омода кардани банкаҳои консерва аз мева ва сабзавот, захира кардани ғалладонагӣ,

БОЗДИД АЗ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

МУЪМИНОБОД. Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод аз  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯмаки аввалияи тиббӣ»  боздид ба амал оварда,  нисбати фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, корҳои ташкилӣ, пардохти  саривақтии  ҳаққи узвият ва ҳуҷҷатгузорӣ мутобиқ ба санадҳои  меъёрию ҳуқуқии вобаста ба  фаъолияти  ҳизбӣ  омӯзиш ба амал оварданд.

БАРАКАТИ ЗАМИН АЗ МЕҲНАТ АСТ

КӮШОНИЁН. Дар хоҷагии деҳқонии “Беҳбудӣ” оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  вохӯрӣ доир гардид.

ЁРИИ МЕТОДӢ БА ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ҶАЙҲУН. Бо мақсади баланд бардоштани сифати кори ташкилотҳои ибтидоӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ба ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ” ташриф оварда, ҳуҷҷатҳои ҳизбии ин ташкилотро тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ҷо ба ҷо намуданд.

АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАРҒИБ МЕГАРДАНД

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ватаншо Шамсов” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саъбагул Валиева ва Мунаввараи Бозоралӣ ҷиҳати тарғиби озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”,  “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат”, инчунин озмуни ҳизбии “Мо бо шумоем!” вохӯрӣ доир гардид.

ОГОҲОНИДАНИ ҶАВОНОН АЗ ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

КӮЛОБ. Дарси навбатии курси омӯзишии “Созандагони Ватан” бо иштироки  муовини раиси шаҳри  Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саймуминзода Фирӯз Саймумин дар мавзӯи “Хатарҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он” баргузор гардид.

ДАР КӮЛОБ АМАЛИЁТИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДОИР ГАРДИД

КӮЛОБ. Дар деҳаи Офтоблиқои ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб аксияи ҳизбии “Рӯзи ёдоварӣ” доир гардид.

ҲУҶҶАТГУЗОРИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБӢ БА НИЗОМ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД

КӮЛОБ. мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Мунаввараи Бозоралӣ аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кафолат” дидан намуд.

ТАВАҶҶУҲ ВА ДАСТГИРИИ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 76- солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ  бо дастгирии раиси Кумитаи

ЗАБОН ПОЙДЕВОРИ МИЛЛАТ АСТ

АНДЕША. Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлтдорӣ буда, дар пойдор ва таҳкими миллат мақом ва нақши муҳим дорад ва бо ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад.

КУРСҲОИ ОМӮЗИШӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

ДӮСТӢ. Бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар роҳи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, ҷалби бештари онҳо ба корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ҳидоят намудани онҳо барои дуруст интихоб кардани касбу ҳунар, бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, курси омӯзишӣ таҳти унвони "Созандагони Ватан" миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 гузаронида шуд.

ДИДОРБИНИИ МОДАРИ 84-СОЛА ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба моҳи шарифи Рамазон  дар доираи  Аксияи ҳизбии “Эҳтиёҷмандон пайваста зери таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд!”    ба як нафар модари танҳо Маҳмуродова Холдона, ки 84 сола мебошад, сокини деҳаи Роҳи нави Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ  кумаки яквақтаинаи  моддӣ расонида шуд.

ВАРЗИШ ҚОСИДИ СУЛҲ ВА ГАРАВИ САЛОМАТӢ

ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани "Иди Ғалаба" миёни аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан", волонтёрони ҳизбӣ  ва ҷавонони фаъоли ноҳияи Дӯстӣ  мусобиқаи варзишии "Волейбол" доир карда шуд.

ИДОМАИ ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ДАНҒАРА. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ҷамоати шаҳраки ноҳия бо иштироки кормандони ҷамоат ва раисони кӯчаву  маҳаллаҳо  хониши сиёсӣ баргузор намуд.

ЗАҲМАТУ РАНҶИ ДЕҲҚОН БАРОИ ФАРОВОНИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ДАНҒАРА. Бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  Камолиддинзода Ҷомӣ дар ҷамоати деҳоти Оқсу дар  деҳаи Файзбахш  бо усули “хона ба хона” бо истиқоматкунандагони деҳа, ҷиҳати оқилона ва сарфакорона  истифода намудани  заминҳои наздиҳавлигӣ вохӯриҳо доир карда шуд.

БАРГУЗОРИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ БО ИШТИРОКИ ВОЛОНТЁРОН

ХУРОСОН. Бо мақсади баргузории корҳои ободонӣ  ва самаранок  истифода  бурдани  заминҳо дар доираи Аксияи  ҳизбии “Тоза кардани заминҳо”   кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон  дар якҷоягӣ бо волонтёрони ҳизбӣ ва дигар аъзои фаъоли ҳизб дар ҷамоати деҳоти Ғаллаободи  деҳаи Меҳнатобод 2 ҳашари умумиро ба роҳ монданд.

ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ҶИДДӢ БОЯД БУД

ВОСЕЪ.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТМУ №61”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯрӣ гузаронида шуд.

ДАСТГИРИИ ЭҲТИЁҶМАНДОН КОРИ САВОБЕСТ ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

БАЛҶУВОН. Ҳифзи  иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

ФУРӮҒИ СУҲБИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ...

Ҷ. БАЛХӢ.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия маҳфили адабӣ, қироати шеърҳо аз ашъори шоири халқӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

МАҲФИЛИ АДАБӢ БАХШИДА БА 110 -СОЛАГИИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Ҷ.

ХУШТАР ЗИ КИТОБ ДАР ҶАҲОН ЁРЕ НЕСТ...

АНДЕША. Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фvpӯғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст.  Инсон метавонад ба востаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат иқтисодиёти мамлакатҳои дунё ошно гашта, оламро бо тарзи дигар бинад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg