БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ХАЙРИЯВӢ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Ҷ. БАЛХӢ. Бо ҷалби вакилон, соҳибкорон ва саховатмандон бахшида ба иди Сайиди фитр бо дастгирии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ваҳдат”  ба оилаҳои ниёзманд ва маъюб кумаки моддӣ,  аз қабили орд, равған биринҷ, шакар ва дигар маҳсулотҳои ғизоӣ расонида шуд.

Зимни аёдати оилаҳои ниёзманд вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Холиқова Соҳибҷамол оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият, зери тавҷҷуҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доштани оилаҳои ниёзманд, маъюбон ва бепарасторон суханронӣ намуд. Шахсони эщтиёҷманд шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар намуда, миннатдории хешро барои ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg