БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ ВАТАН

Н.ХУСРАВ. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири Хусрав бо  мақсади  таҷлили  сазовори  «Рӯзи  ҷавонони Тоҷикистон  чорабиниҳои фарҳангию сиёсиро   доир намуда истодаанд.  Вобаста  ба  масъала   дар муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  № 1-и  ноҳия  миёни  хонандагони синфҳои  болоии  муассиса  чорабиниҳои оммавии варзишӣ  таҳти унвони  «Ҷавонон муҳофизони  арзишҳои милливу давлатӣ» баргузор  гардид.

Дар баргузории  чорабинии мазкур  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳия  Ализода  Сурайё  ширкат  намуда,  қайд  кард, ки  насли   ҷавони  кишварамон бо дарки  масъулияти  баланд, иродаи  мустаҳкам, садоқату муҳаббати  ватандорӣ, эътиқод ба  арзишу  муқаддасоти миллӣ ва  ақлу  заковати  худ   дар  масири  ватандорӣ нақши  бузург  доранд.  Ҷавонони  мо  давомдиҳандаи  кору  фаъолияти  насли  калонсол  мебошанд.  Дар  рӯҳияи  ҳисси  баланди  миллӣ, садоқат  ба давлату  миллат  ҳамеша ҷовидон  бошед.

Ба ҷавонони  фаъоли  муассиса, ки  дар  рафтору  хониш  пешқадаманд  бо  сипосномаҳо  бахшида  ба Рӯзи  ҷавонон  сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg