БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

23 Май 2018

Аъзои ТЭТ ҲНИТ ба саги девона табдил ёфтаанд!

ВОКУНИШ. Вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар дар арафаи  моҳи шарифи Рамазон зуҳуроти таконбахшанда дар самти фаъолгардонии аҳли ҷомеа ҷиҳати шинохти моҳияти аслии рукнҳои моҳи шарифи Рамазон, ҷудо намудани хурофот аз дини асил, кушодани чеҳраи хоиноне, ки мехоҳанд ба дин ҷомаи сиёсӣ пӯшонида, онро барои ба даст овардани мақсадҳои касифи худ истифо

Табрикоти Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон кулли ҷавонони вилоятро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯяд.

Табрикоти Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” кулли ҷавонони кишварро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯяд.

Пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ аз ҳар яки мо масъулияти хосаро талаб мекунад

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи №1-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ҳамрозода Комил бо кормандони масъули ташкилоти мазкур вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Мақсади мо ҳизбиён бо халқ ва дар хизмати халқ будан аст

Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Анҷироби  ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов  бо сокинони деҳаи мазкур  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат ба манфиати халқ аст

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вохӯрии навбатӣ миёни аъзои ташкилоти ибтидоии «Раёсати молия» перомуни амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон бо иштироки раиси Кумита

Мардум аз мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони фаъоли ҷомеаи кишвар руҳу илҳоми тоза гирифтанд

 ХУРОСОН. Дар маҳаллаи Табаралӣ Довидови ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини-раис мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат, мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Подшоқулов Парвиз бо  аҳли ҷамоатчигии маҳаллаи вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҷомеа ояндаи дурахшони Ватанро дар иҷрои баномаҳои ҲХДТ мебинад

ХОВАЛИНГ.  Дар вохӯрӣ бо мардум дар деҳаи Наврӯҳои ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ҷамъомадагон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои дар маҷлиси васеъ, ки бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат,  рӯзи 12.05.2018 шуда гузашт таваҷҷуҳи хеле зиёд зоҳир намуданд.

Мароми мо ҳизбиён вусъат бахшидан ба корҳои тарбиявӣ ва маърифатӣ дар маҳал мебошад

ҲАМАДОНӢ.  Бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоев Исмоил бо мақсади  ба дарки ҷомеа расонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз мулоқот бо зиёиёни кишвар бармеояд  маҷлиси ҳизбӣ доир карда шуд.

Ҷавонӣ айёми ташаббускорист

ФАРХОР. Мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҷавонони ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳия  баргузор гардид.

Ҳифзи дастовардҳои бузурги давлату миллат вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад

Ҷ.БАЛХӢ. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуъбаи ҳифзи муҳити зист” баргузор гардид.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон боиси муттаҳидии халқҳои сайёра мегардад

ПАНҶ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо бошандагони  деҳаи  Ҷавонони  ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфуддини ноҳия  баргузор гардид.

Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонони Тоҷикистон

НОРАК. Дар доираи  гузаронидани чорабиниҳо ва сазовор истиқбол намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар китобхонаи марказии шаҳр мизи мудаввар таҳти унвони “Мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам” доир гардид. 

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба насли ояндасози кишвар дучанд аст

Н.ХУСРАВ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда бахшида ба якмоҳи ҷавонӣ чорабиниҳои варзишӣ байни ҷавонону наврасони муассиссаҳои таълими ноҳия баргузор гардида истодаанд. 

Ҳадафҳои олии ҲХДТ дар маҳал дастгирӣ ёфтанд

МУЪМИНОБОД. Дар деҳаи Балхобии ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони деҳа маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид. Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Фаровонии дастурхони мардум аз заҳмати шабонарӯзии деҳқон аст!

КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии хоҷагии деҳқонии “Маданият” ва “Борбад”-и ҷамоати  деҳоти Сарвати Истиқлол вохӯрӣ доир гардид.

Табибон сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллатро дар амал татбиқ мекунанд

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таваллудхонаи вилоятӣ” ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Бозиҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

ВОСЕЪ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Восеъ дар Литсей касбӣ-техникии ба номи Рустами Холалӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон озмуни  варзишии намуди шашка байни ҷавондухтарон барузор гардид.

Сокинон аз суханрониҳои Пешвои миллат бо фаъолони кишвар рӯҳбаланд гардида, онро дарси маънавӣ донистаанд

БАЛҶУВОН. Тибқи   нақшаи  корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи   Балҷувон   дар деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев  бо иштироки И.в раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф ва  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроия Ғуломов Асомуддин  мулоқот доир гардид.

Пешвои миллат рамзи саодату ифтихори мост!

ШАҲРИТУЗ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Шомуродзода Саидаъзам, Давлатҷон Ғафурзода ва раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Носирзода Абдкарим дар  деҳаи Қарашувоқи ҷамоати деҳоти Пахтаобод, бо сокинон маҷлиси ҳизбӣ баргузор карданд.

Масъулияти ҷомеа дар анҷоми амалҳои созанда зоҳир мегардад

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён  ташаббуси пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлонро, ки соли 2018 «Соли тақвияти робита дар маҳал» эълон гардидааст, дастгирӣ намуда , ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияро  оид ба барномаҳои ҳизбӣ ва огоҳ намудан аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ   фаҳмонида  истодаанд.

Расонидани муҳтавои суханронии Пешвои миллат ба мардум

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Равшан” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба расонидани муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар мулоқот доир гардид.

Варзиш қосиди сулҳу гарави саломатист!

ВОСЕЪ. Дар мактаби варзишии кӯдаконаи ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия бо  омӯзгорони муассисаи номбурда  вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg