
ФАРХОР. Мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҷавонони ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳия баргузор гардид.
Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиҷон Назаров оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ҷаҳоникунонии об, барпо шудани Конференсияи умумиҷаҳонӣ дар мавзӯъи «Пешгирӣ аз терроризм ва экстремизми хушунатомез» дар шаҳри Душанбе, сухан ронд.
Ҳамчунин дар мулоқот оид ба масоили ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳурмати падару модар, эҳтироми арзишҳои миллӣ сухан ронда шуда, аз ҷавонону насрасон баҳри ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бо дониши хубу аъло ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарбия ёфта барои ободи ва рушди минбаъдаи Ватани азизамон азми устувор кунанд.