БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафҳои олии ҲХДТ дар маҳал дастгирӣ ёфтанд

МУЪМИНОБОД. Дар деҳаи Балхобии ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони деҳа маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид. Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова  иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин, аз ҷониби масъулин  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  дар амал татбиқ намудани Соли тақвияти робита бо маҳал,  мубориза бар зидди терроризму экстремизм, муқовимат бо коррупсия, афзоиш додани сафи ҳизб аз ҳисоби шахсони бонуфуз, зиёд кардани шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар охир сокинон андешарониҳои масъулинро  дастгирӣ намуда, саволу дархостҳои хешро  пешниҳод карданд ва аз ҷониби  шахсони номбурда ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg