БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаровонии дастурхони мардум аз заҳмати шабонарӯзии деҳқон аст!

КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии хоҷагии деҳқонии “Маданият” ва “Борбад”-и ҷамоати  деҳоти Сарвати Истиқлол вохӯрӣ доир гардид.

Дар оғози мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Шукурова Латофат  иштирок карда оиди мазмун ва муҳтавои Паёми Пешвои миллат ибрози ақида намуд.

Сипас, мудири шуъбаи кор бо занони  кумитаи иҷроия Шомалангова Миҷгона баромад намуда, вобаста ба таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб амалӣ намудани дастуру супоришҳои  Паёми Пешвои миллат,  ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Дар рафти маҷлис Шукурова Латофат оид ба масъалаҳои  паҳншавии бемориҳои сироятии ВИЧ/СПИД, сил ва умуман   гигиенаи шахсӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар робита ба соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии бевоситаи ҳунармандон, тарбияи ватандӯстӣ, ки амнияту оромии мамлакат аз ин вобаста аст  суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg