БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табрикоти Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон кулли ҷавонони вилоятро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯяд.

Боиси шарафмандист, ки ҷавонони саодатманди вилояти Хатлон чун дигар ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол бо садоқати беандоза ва меҳри бепоён ба Ватан дар роҳи таҳкими арзишҳои олии давлатдории миллӣ пайваста саҳми созанда гузошта истодаанд. Афзоиши мунтазами шумораи ҷавонон дар сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ баёнгари он аст, ки имрӯз насли ояндасози ҷомеа моҳияти нақшаву барномаҳои созандаи ҳизбро бо назардошти ҷойгоҳи худ дар раванди амалишавии ҳадафҳои олии он дуруст дарк намудааст.

Дар ин росто Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ба маврид қайд намудаанд, ки “Ҷавонон қувваи тозае ҳастанд, ки зӯру тавони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро даҳчанд зиёд мекунанд ва таъсири онро ба раванди пешрафти ҷомеа таҳкими бештар медиҳанд”.

Имрӯз хушбахтона, Шумо ҷавонони бонангу номуси вилояти Хатлон бо дарки баланди масъулият талаботу таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳониро омӯхта, рисолати ватандории худро дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолият медонед, ки дар ин роҳ бароятон барору комёбӣ таманно дорем.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба ҷавонони саодатманди вилояти Хатлон муборак бод!

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg