БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон боиси муттаҳидии халқҳои сайёра мегардад

ПАНҶ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо бошандагони  деҳаи  Ҷавонони  ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфуддини ноҳия  баргузор гардид.

Масъулин,  оид ба  ҳадафи баргузории  чорабини  ҳозиринро фаҳмониданд.  Яке аз масъалаҳое, ки дар ин вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад.

Шомаҳмадзода Музаффар мудири шуъбаи таблиѓот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия дар суханрониаш қайд намуд, ки  22 декабри соли 2016 Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид, ки боиси ифтихору сарфарозӣ ва саодати мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол  шуда, пазируфта шудани тадбири дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо Тоҷикистонро дар арсаи  ҷаҳонӣ шуҳратёр намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш  аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмимлалӣ зарурати таъмини дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт, масъалаҳои баланд бардоштани сифати об тавассути коҳиш  додани ифлосшавии муҳити зист ва самарнокии истифодаи он, ҳифзи  экосистемаҳои об, идоракунии муштарки захираҳои об ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи обро ҳамеша таъкид менамоянд.

Дар охир, зиёда аз 10 нафар сокинони маҳаллаи ҷавонон, ки барои  ба сафи ҳизб қабул шудан ариза пешниҳод карда буданд, ба сафи ҲХДТ пазируфта шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg