Activities calendar

03 Май 2018

Истиқбол аз Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ПАНҶ. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои  фарҳанги миллӣ, санъату анъанаҳои халқӣ  ва ихтироъкорӣ ҷиҳати эҳё намудани  суннатҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ва тарбияи маънавии ҷавонон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори   намояндагии ТҶҶ  «Созандагони Ватан» чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Дастони моҳир» баргузор гардид.

Молия такондиҳандаи сатҳи рушди соҳаҳо

ШАҲРИТУЗ. Дирӯз бо кормандони ташкилоти ибтидоии «Раёсати молия», бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ҳамрозода Комил вохӯрӣ баргузор гардид.

Муборизаи муташаккилона бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ ба воситаи тарғибот дар маҳал

Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №18-и ҷамоати деҳоти Даштиҷум  бо омӯзгорону кормандони муассиса ва сокинони деҳаи  мазкур  вохӯрӣ доир гардид.

Ғизои солим - ҷомеаи солим!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ» дар мавзӯъи «Таъмини бехатарии озуқаворӣ ба хотири солим нигоҳ доштани ҷомеа- ҳадафи аслии ҲХДТ» бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насима, сармуҳосиби Кумитаи иҷроия Хоҷаева София вохӯрӣ баргузор гардид.

ҲХДТ – муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии Тоҷикистон

ХОВАЛИНГ. Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Шехмизони ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бо иштироки ҷавонон  намоиши маҳсули ҳунарии дастони онҳо гузаронида шуд.

Шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маҳал меафзоянд

ҲАМАДОНӢ.  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Исмоил Гадоев ва кормандони масъули  Кумитаи иҷроия Сафаралӣ Мусофиров ва Гадоӣ Сайдалиев дар  маҳаллаи Закариёи Розии ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  бо сокинон вохӯрӣ баргузор намуданд.

ҲХДТ такягоҳи боэътимоди мардум

ФАРХОР. Дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар деҳаи Кӯҳандиёр 2-и ҷамоати деҳоти Ватан бо сокинон вохӯрӣ доир карда шуд.

Афзоиши ташкилотҳои ибтидоӣ дар маҳал

ПАНҶ. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар  асоси  ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо дар деҳаи Сафедорони ҷамоати деҳоти Озодагон баргузор гардид.

Бонкдорон тарғибгари сиёсати пулии давлатанд

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии “Агроинвестбонк” бо иштироки сармуњосиби Кумитаи иҷроияи  ЊХДТ дар ноњияи Шањритуз Хуљаев Саидањмад бо кормандони масъули ташкилоти мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Баррасии масъалаҳои ҳаётӣ зимни вохӯрӣ бо мардум

ХОВАЛИНГ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Таги ҷари ҷамоати деҳоти Ҷомбахт оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Мардум ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ ҳавасманданд

ПАНҶ. Мувофиқи нақша-чорабиниҳо дар деҳаи ба номи Ҳасан Шерови ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ бо сокинони деҳа вохӯрӣ  баргузор гардид.

Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат аз вазифаҳои мост

ТЕМУРМАЛИК. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Раҷабзода Маҳмадсаид дар  Ҷамъияти  матлуботи ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид.

Ҷомеа амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунад

КӮЛОБ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот баргузор гардид.

ҲХДТ-тарғибгари дастовардҳои дирӯзу имрӯз ва фардои кишвар

 ПАНҶ.  Бо мақсади  ба мардум расонидани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ҳадафу  мароми сиёсати созандаи ҳизб ва шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ бо мардуми деҳаҳо вохӯриву суҳбатҳо доир гардида истодааст.

Вохӯрӣ дар доираи Соли тақвияти робита бо маҳал

НОРАК. Дар деҳаи Дуконии  ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак бо сокинон вохӯрӣ доир  гардид.

Ҷавонон ҳамеша бо давлату миллати хеш ифтихор менамоянд

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзишгоҳи касбии техникии №22” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти ҳизбӣ маҷлис баргузор гардид.

Маҷлис бо иштирок ва суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул оғоз гардид.

Ташкилоти ибтидоии «Заркамар» таъсис ёфт

ЁВОН. Чанде қабл бо иштироки аҳли заҳмати деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон  вохӯрӣ баргузор гардид.

Ташаббусҳои неку созандаи Пешвои миллат баҳри ободии Ватан ва осудагии рӯзгори мардум равона гардидааст

ДӮСТӢ.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ тибқи нақша-чорибиниҳои  тасдиқгардида ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муазамми ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ   бо аъзо ва ҷонибдорони  ҳизб вохӯрии судманд  доир гардид.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар байни омма татбиқ гардида истодааст

ВОСЕЪ. Дар деҳаи Ҷаврези ҷамоат деҳоти  ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот,  итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Ситамова Роҳила ва дигар шахсони расмӣ оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи нуктаҳои асоси Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар амал татбиқ намудаи Соли тақвияти робита бо маҳал ва  ба омма рас

Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ яке аз ҳадафҳои асосии ҲХДТ мебошад

БОХТАР.  Тибқи нақшаи баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Устод» бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир гардид.

Хиёнат ба Ватан гуноҳи нобахшиданист

ВОКУНИШ. Дастовардҳои бузургеро, ки то имрӯз миллати тоҷик ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва дар партави роҳбарии хирадмандонаи Ҳукума

Панҷ – дарёе, ки ҳам девори марз асту ҳам манбаи обёрии заминҳои сарсабз

АНДЕША. Ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати тадбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он муҳим арзёбӣ мегардад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо ва ҳалли масоили вобаста ба об кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ чандин ташубусҳои созандаро пешниҳод кард.

Ин мақом арзандаи инсони шоён асту бас

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шумори абармардонест, ки тамоми ҷаҳди хешро баҳри пойдории раванди сулҳу субот, созандагиву ободонӣ, зиндагии шоистаи мардум равона намудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg