БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бозиҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

ВОСЕЪ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Восеъ дар Литсей касбӣ-техникии ба номи Рустами Холалӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон озмуни  варзишии намуди шашка байни ҷавондухтарон барузор гардид.

Дар озмун мудири шуъбаи таблиғот,  иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти  Хатлон Орзу Ҳамидиён ва раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ Қурбонзода  Рӯзигул   иштирок карда ҳамаи ширкаткунандагони озмунро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  табрик намуда, ба онҳо барору комёбӣ таманно намуданд.

Дар озмун ҷавондухтарони болаёқат аз тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок доштанд.

Мақсади аз баргузории чунин озмунҳо дарёфти ҷавонони боистеэъдод ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ байни онҳо мебошад.

Ин ташаббуси  навбатии   Кумитаи иҷроияи ноҳиявиро  мудирону омӯзгорон, роҳбарону иштирокчиёни озмун бо хушнудӣ пазируфтанд ва миннадории худро ба ташкилкунандагони чорабинии  варзишӣ  баён карданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳия кӯшиш мекунад, ки дар оянда низ чунин озмунҳоро байни ҷавонону наврасон бештар намояд ва баҳри пешрафту ободонии кишвар саҳми муносиби худро гузорад.

Инчунин,  бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  дар ноҳияи Восеъ озмуни велосипедронӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои нмаояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштироки фаъолона  намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg