БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мароми мо ҳизбиён вусъат бахшидан ба корҳои тарбиявӣ ва маърифатӣ дар маҳал мебошад

ҲАМАДОНӢ.  Бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоев Исмоил бо мақсади  ба дарки ҷомеа расонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз мулоқот бо зиёиёни кишвар бармеояд  маҷлиси ҳизбӣ доир карда шуд.

Нахуст, масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки  ҳунармандони деҳа маҳсули дастони хешро ба маърази тамошо гузошта буданд, дидан карда ба ҳунару истеъдоди онҳо аҳсан гуфтанд.

Баъдан Гадоев Исмоил маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро бо моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи раҳмату мағфират ва хайру сахо аст, табрику боракбод гуфта, суханро ба Наврӯз Ҳусейнзода дод.

Мавсуф  атрофии  суханрониҳои  Президенти кишвар ва дастуру супориш ва ҳидоятҳое, ки дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа  ироа гардид, Конференсияи умумиҷаҳонӣ дар мавзӯъи Пешгирии терроризму экстремизми хушунатомез, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемории сироятии ВИЧ/СПИД, рушди ҳунарҳои мардумӣ,  таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шахсони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаркатҳои террористиву экстремистӣ, рушди соҳаи боғдориву кишоварзӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ андешаронӣ намуда, онҳоро баҳри дар амал татбиқ кардани сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат ва  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ   раҳанмоӣ намуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg