БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷомеа ояндаи дурахшони Ватанро дар иҷрои баномаҳои ҲХДТ мебинад

ХОВАЛИНГ.  Дар вохӯрӣ бо мардум дар деҳаи Наврӯҳои ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ҷамъомадагон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои дар маҷлиси васеъ, ки бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат,  рӯзи 12.05.2018 шуда гузашт таваҷҷуҳи хеле зиёд зоҳир намуданд.

Дар назди мардум раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Сафар Халилов,  мудири шуъбаи талиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Сайҷалол Сатторов, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлилии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Амирзода Аловуддин Қурбоналӣ баромад намуданд.

Бо пешниҳод барои роҳандозии сиёсати созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар деҳа бо номи Наврӯҳо ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ташкил карда шуд. Бо таклиф ва овоздиҳии ошкоро Қосимов Шарифхон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

Дар охири ҷамъомад ба чанд нафар навҳизбиён шаҳодатномаҳо супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg