Activities calendar

10 Май 2018

Ҳамрози халқ шумораи №09

Фазои кишвари ободамон дубора ғуборолуд нахоҳад шуд!

АНДЕША.Чанд рӯз пеш бо иқдоми ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва намояндагони расмии 17 кишвари бонуфӯзи дунё дар пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгаройии хушунатомез» баргузор гардид.

ҒАМИ ШОИР МИЛЛАТУ ВАТАН БУД (дар сӯги Бозор Собир)

АНДЕША. Супориши қатъии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дипломатҳои баландҷойгоҳи Тоҷикистон, Фарҳод Салим ва Маҳмадамини Маҳмадамин дар мавриди парастории шоистаи шоири беҳамтои тоҷик Бозор Собир, ки дар бемористони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бистарӣ буд, бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистонро Худованд Пешвои донову хирадманд бахшидааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули афкору маънавиёти ҷомеа масъул аст

А.ҶОМӢ. Санаи 8.05.2018 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робитаи ҲХДТ бо маҳал семинар-машварати ҳизбӣ баргузор гардид.

Ҳифзи манфиатҳои давлату миллат дар зиммаи ҷавонони шуҷоъи Ватан

ЁВОН. Чанде қабл бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия бо ҷалби аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия фаъолияти якмоҳаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» баррасӣ гардида, нақшаҳои минбаъдаи фаъолият тарҳрезӣ карда шуд.

Танзим-кафолати зиндагии шоиста ва таҳрикдиҳандаи неруи сариштакори дар ниҳоди сокинон

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Баҳор» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар мавзӯъи «Тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов ва раиси ташкилоти ибтидоии болозикр Нуралӣ С

Натиҷаҳои амалии татбиқи Паём дар маҳал ва вазифаҳои навбати барои татбиқи сифатноки нишондиандаҳои асосии он

ХУРОСОН. Тибқи ҷадвали тасдикгардидаи баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон ин навбат бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Подшоқулов Парвиз ва дигар шахсони расмӣ дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Лола» боғчаи-№1 вохӯрӣ баргузор гардид.

Гиромидошти хизматҳои шоёни меҳтарони ҷангу меҳнат

ПАНҶ. Аз рӯзи Ғалаба бар зидди фашизм 73-сол пур мешавад. Ба ин муносибат 8 майи соли 2018  бахшида ба ин ҷашни бузург-иди Ғалаба  дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар маркази ноҳия тантанаҳои идона баргузор гардиданд.

Терроризм-омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кӯлобгаз” маҷлиси ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир гардид.

Варзиш гарави саломатӣ буда, роҳи пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мебошад

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Қубодиён  ва дар якҷоягӣ бо намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” бахшида ба  Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 23- май  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон   чорабинии ҳизбӣ таҳти унвони “Варзиш ин солимии миллат аст ” доир гардид.  

Мо ҳизбиён насли наврасро ба сӯйи ояндасозӣ ҳидоят менамоем!

ЁВОН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 63-и деҳаи Тутчашмаи ҷамоати деҳоти Даҳана дидан намуда, бо як гурӯҳ хонандагони синфҳои 10 ва 11-и муассисаи мазкур вохӯрӣ доир намуданд.

Ғалаба мактаби омӯзиши ҷасорату мардонагӣ барои ҷавонон!

НОРАК. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дасгирии маъюбон ва оилаҳои ниёзманд дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатро дар амал татбиқ намуда, бахшида ба 73-юмин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба аёдати иштирокчии  ҷанг  Гулов Малах р

Таъкидҳои доимии Пешвои миллат: «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад»!

ЛЕВАКАНТ. Дар шаҳри Левакант шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Левакант иқдом гирифтанд, ки дар шанбегии умумишаҳрӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои  2018-2028» саҳми арзандаи худро гузоранд.

Қаҳрамонон намемиранд, ёди онҳо то абад дар хотираҳо боқист!

КУШОНИЁН. Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни Рӯзи Ғалаба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Кушониён  ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар робита бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ҷамоати деҳоти Меҳнатобод  чорабинии идонаро  дар сатҳи баланди фарҳангӣ  гузаронид.  

Таъмини зиндагии шоиста ба мардум аз ҳадафҳои аслии Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон аст!

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Модул” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.

Мавқеи ҳизб дар маҳал таҳким ёфта, шинохти ҳадафҳои созандаи он бештар гардидааст

ДӮСТӢ. Мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ  пайваста вохӯрию мулоқотҳо баргузор гашта истодааст.

Огоҳонидани мардум аз хатарҳои терроритизму эстремизм дар маҳал

ДАНҒАРА. Дар маҳаллаи  9-и  ҷамоати шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳия  Каримов  Пирмаҳмад ва кормандони масъули Кумитаи    иҷроия  дар бораи  огоҳонидани мардум аз хатарҳои ҷаҳони муоисир, ки яке аз самтҳои афзалияноки фаъолияти ҲХДТ мебошад  вохӯрӣ баргузор гардид.

Зан-модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину аънанаҳои муқаддаси миллат аст

КӮЛОБ. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар дар шаҳри Кӯлоб оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар минтақаи Кӯлоб”  вохӯрӣ баргузор гардид.

Қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ омӯзишест аз мактаби мардонагӣ!

ЁВОН. Имрӯз дар  саросари кишвари азизамон ҷашни 73- солагии Рӯзи Ғалаба  дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  ботантана таҷлил  карда мешавад.

Хизматрасонии алоқаи электронӣ воситаи муҳимтарини фаъолияти инсон дар ҷомеа

ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҶСП «Телеком»-и ноҳияи Восеъ тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  вохӯрӣ доир гардид.

Тоҷикистон -макони сулҳу ваҳдат ва ошёни меҳру муҳаббат!

Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯрӣ дар муассисаю ташкилотҳои ибтидоӣ ва маҳаллаҳову деҳаҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбииКорхонаи обу канализатсия” вохӯри баргузор намуданд.

Ҷавонон бояд сабақи Истиқлолиятро омӯзанд ва гиромӣ доранд!

ВАХШ. Мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар муассисаву ташкилотҳо бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон" чорабинии ҳизбӣ  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар  тарбияи ватандӯсти ҷавонон баргузор гардид.

Ҷавонон созандагони воқеии давлату миллатанд

БОХТАР. Дар асоси нақшаи баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хатлонстройсервис» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ализода Одил вохӯрӣ доир гардида,  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, огоҳ кардани сокинон ва пешгирии онҳо аз гарвиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ барра

Пешрафту тараққиёти Ватан дар меҳвари асосии фаъолити ҲХДТ бо ҷалби сокинони маҳал

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯрӣ дар муассисаю ташкилотҳои ибтидоӣ ва маҳаллаҳову деҳаҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия” вохӯрӣ баргузор гардид.

Сокинони маҳал дарк кардаанд, ки террорист Ватан, мазҳаб ва дин надорад!

БАЛҶУВОН. Тибқи   нақшаи  корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи   Балҷувон   дар деҳаи Шаҳиди Бобохони  ҷамоати деҳоти Тоҷикистон  бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Ғуломов Асомуддин ва сармуҳосиби Кумитаи  иҷроия  Муродов Раҷабалӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

official-youtube-logo.png