БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба насли ояндасози кишвар дучанд аст

Н.ХУСРАВ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда бахшида ба якмоҳи ҷавонӣ чорабиниҳои варзишӣ байни ҷавонону наврасони муассиссаҳои таълими ноҳия баргузор гардида истодаанд. 

Чунин чорабинии варзишӣ дар варзишгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13 бо иштироки дастаҳои ҷавонон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ракамҳои 12, 13, 18-и ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Истиқлоли ноҳия дар риштаи волейбол, дастхобонӣ, шашка ва давидан ба масофаи 100 метр баргузор гардид.

Чорабинии варзиширо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Алиева Сураё ифтитоҳ намуда, мақсади ташкили бозиҳои шавқовари варзиширо ба иштирокдорон фаҳмонида, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, тарбияи насли ҷавон ва дар замири ҷавонон бедор намудани ватандӯстӣ ва созандагиро фаҳмонида дода, афзуд, ки ҷавонони мо бояд аз равияву ҷараёни харобиовар, ифротию террористӣ канораҷӯӣ намоянд, ҳамчунин бояд ҳушёру зирак бошанд.  

Инчунин, дар ин раванд оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешарони карда, ба дастаҳо барои ғолибият овардан комёбиҳо орзу намуд.

Сипас, дастаҳо байни ҳамдигар аз рӯи намудҳои волейбол, шоҳмот, шашка, дастхобонӣ ва давидан ба масофаи 100 метр қувваозмоӣ намуданд. Дар қувваозмоиҳо дар риштаи давидан ба масофаи 100 метр ва дастхобонӣ хонандагони муассисаи №13 М. Нормуродова дар бозии шашка Азизбекова Ф. ғолиб баромаданд.

Дар бозии волейбол бошад, дастаи муассисаи №13 ғолиб дониста шуда, ба дастаҳои ғолиб ифтихорономаҳо ва туҳфаҳои таъсисдодашудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия тақдим карда шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg