БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат рамзи саодату ифтихори мост!

ШАҲРИТУЗ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Шомуродзода Саидаъзам, Давлатҷон Ғафурзода ва раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Носирзода Абдкарим дар  деҳаи Қарашувоқи ҷамоати деҳоти Пахтаобод, бо сокинон маҷлиси ҳизбӣ баргузор карданд.

Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба суханронии Пешвои миллат бо намояндагони кишвар, Конференсияи умумиҷаҳонӣ дар мавзӯъи “Пешгирии терроризму экстремизми хушунатомез”, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", тарғиби либоси миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди хоҷагидорӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ миёни занону бонувон, пешгирии шаҳрвандон  аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ андешаронӣ намуданд.  

Ҳамзамон, дар ҳузури ҷонибдорони ҲХДТ  баҳри дар амал татбиқ намудани “Соли тақвияти робита бо маҳал”  дар деҳаи Қарашувоқ ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg