БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аъзои ТЭТ ҲНИТ ба саги девона табдил ёфтаанд!

ВОКУНИШ. Вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар дар арафаи  моҳи шарифи Рамазон зуҳуроти таконбахшанда дар самти фаъолгардонии аҳли ҷомеа ҷиҳати шинохти моҳияти аслии рукнҳои моҳи шарифи Рамазон, ҷудо намудани хурофот аз дини асил, кушодани чеҳраи хоиноне, ки мехоҳанд ба дин ҷомаи сиёсӣ пӯшонида, онро барои ба даст овардани мақсадҳои касифи худ истифода баранд, гашта, аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон ва тамоми равшанфикрон мавриди ҷонибдории амиқ қарор гирифт.

Суханронии Пешвои миллат, ки хусусияти таҳлилию илмии аниқ дошта,  ба далелҳои таърихию сиёсии амиқ асоснок карда шуда буд, бори дигар аз он далолат мекунад, ки воқеан ҳам имрӯз роҳбарияти олии кишвар бештар аз ҳама баҳри таъмини амнияту субот дар мамлакат ва минтақа  ташвиш доранд. Ин мулоқот ҳар як шунавандаро ба андеша ворид мекунад, ки оё дар сиёсати ҷаҳонӣ дӯстону душманон ҳастанд ва ё манфиатҳо?  Посух, албатта, ба ҳамагон маълум аст. Манфиатҳо, ки барои ба даст овардани онҳо душмани гург  пусти гусфанд ба бар карда, вориди майдони мубориза мегардад. Таъкидҳо ва ишораҳо оид ба нақшаҳои душманонаи «дӯстони мо» дар сатҳхои гуногуни ҷомеа садо дода буданд, вале ҳар дафъа «худкуши бегонапараст» будани мо ба осиёби бегонагон об рехта, андешаҳоро мекушиданд ботил созанд. Вале ин мулоқот пардаро аз руйи бисёр сирҳо кушод. Нақшаҳои хоинонаро фош кард, то ҷомеа донад, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ҳамзабонӣ ва фарҳанги муштарак ҳам қурбони ҳадафҳои геополитикӣ шуда метавонанд. Маҳз ҳамин кушодагуйиҳо боиси вокуниши тунд, номардона, муғризона ва то якдараҷа беақлона аз ҷониби бархе аз фурухташудагон гашта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор оварда истодаанд.

Ин амалашон боздошти дузд дар обмӯриро мемонад, ки соҳиби боғ онҳоро дар ҳолати ногувор боздошт карда бошад. Яъне, лаҳзае, ки шармандагии амиқ ва русиёҳии якумра метавонад на танҳо ба ӯ, балки ба насли минбаъдааш ҳам ҳамчун доғ боқӣ монад.

Ҳарзагӯии навбатии Шарофиддин Гадоев маҳз ҳамин ҳолатро мемонад. Бале, маҳз ҳарзагӯӣ, вагарна одами солим, махсусан нафаре, ки имрӯз даъвои адолату озодӣ мекунад, бо шевае суханронӣ карда истодааст, ки оддитарин рӯҳшинос ба ӯ ташхиси «девонагӣ»-ро монда метавонад.

Худ бинед, гунаҳкорсозии Пешвои миллат, аз ин гузаштан ба Ислом Каримов, аз ин ба Русия, ки ягон мантиқро дар худ ҷой дода наметавонад, нишонаи он аст, ки воқеан ҳам гумроҳӣ нишонаи нокомилии ақл аст. Аз ин баъд чун саги девона дарафтодан ба Ҳасан Ассадуллозодаю Саймумин Ятимов то як дараҷа девонагии ин «лидери нокомро» собит месозад. Чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки имрӯз аъзои ТЭТ ҲНИТ чун диданд, ки ба ғайр аз хоҷагони хориҷиашон дигар ба касе даркор нестанд, мисли як саги девона худро ба ин тарафу он тараф партофта, ба чизе ки рост ояд дандон задан мехоҳанд.

Боздошти дузд дар обмӯриро ҳам беҳуда нагуфтем, зеро имрӯз ин дуздони сиёсӣ, ки мехоҳанд сулҳу ваҳдати моро халалдор намоянд, тайёранд худи Ленинро ҳам дар шикасташон гунаҳкор созанд. Аҷиб аст табиати инсонӣ: шахсе, ки хоинии ӯро тамоми ҷомеа эътироф кардааст, дигаронро хоин мегуяд. Дар мантиқи мо хоин он касест, ки ба Ватан ва миллати худ хиёнат карда, онро ба ивази подоше фурухтааст, на оне, ки ба ивази ҷони худ онро ҳифз намудаасту то ба имрӯз ҳифз карда истодааст. Ҳайфи ҷавонмардӣ ва футувват, ки дар чунин тоифа хор шудаасту, нолишашон чунон оҷизона ва манфурона аст, ки на раҳм, балки нафратро ба вуҷуд меорад.

Хайр, фарз кардем, ки Шарофиддин Гадоев  нафари (барои шахсият гуфтан виҷдон намебардорад)  адолатҷӯ ва озодипараст. Магар нишонаи адолат сафедро сиёҳ гуфтан аст? Бори туҳмат ба души ҷавонмардон бор кардан аст? Ҳақирӣ ва нотавонии худро гуноҳи дигарон шуморидан аст? Ҳар як шахси оддие, ки ба сиёсат кору боре надорад, баъди шунидани суханони Ш.Гадоев як гап мегуяд: «Э, руят сиёҳ, бо ҳамин гапҳоят».

Ин на адолатпешагӣ, балки аҳриманпешагист, ки  бо табиати ғуломонаи худ дигаронро озодӣ меомӯзад. Бале, маҳз табиати ғуломона. Ғуломе, ки иродаи худро ба хотири ким-кадом манфиате фурухтаасту, имрӯз гоҳ худро ба Гуруҳи 24 мезанаду, гоҳ бо озодандешони беандеша пайваст шудан мехоҳад, гоҳе даъвои Ватану миллат мекунад.  Шарм аст, вақте хоин Ватан мегуяд. Айби кас меояд, вақте чунин тоҷике даъвои миллат мекунад.

Бузургон дуруст гуфтаанд, ки айбу ҳунари кас дар суханрониаш маълум мешавад. Оре, сухан дар вуҷуди инсон ҷон аст. Суханронии Гадоев  нишонаи он аст, ки ӯ на аз донишҳои сиёсӣ, на аз мантиқи баён, на аз фарҳанги суханварию андешаи комили инсонӣ бархӯрдор нест. Ба ҷойи ин ҳама ҷунуниҳо, беҳтараш талоши омӯзиш кун, то ақлатро комил кунӣ. Ақл, ки комил шуд, роҳат равшан мешавад ва худат хатоятро мефаҳмӣ. Вагарна, вой бар ҳолат. Дониста бош, ки шеваи мубориза ҳам фарҳанг мехоҳад, вагарна бефарҳангӣ шикасти амиқро ба пеш меорад.

 Маликаи Тоҳир, коршинос, узви ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg