БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мақсади мо ҳизбиён бо халқ ва дар хизмати халқ будан аст

Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Анҷироби  ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов  бо сокинони деҳаи мазкур  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Неъматов Абдуҷаббор ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Ҳошимов Абдураҳим иштирок доштанд.

Вохӯриро Назарзода Толибҷон кушода, зимни баромадаш  оид  ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва масъалаҳои мубрами рӯз,  аз қабили терроризм, экстремизм, коррупсия, гардиши ғайриқонунии  маводи мухаддир  андешаронӣ намуд.

Баъдан, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Неъматов Абдуҷаббор ба сухан баромада, оид ба таъсиси ташкилоти ибтидоӣ дар деҳаи мазкур ибрози андеша намуданд.

Илёсов Баҳром ба сухан баромада, фикрҳои намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро тақвият бахшида, ҷонибдорӣ кард. Дар қисмати интиҳои вохӯрӣ якчанд нафар сокинони деҳа бо намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ва муттаҳид шудан дар ташкилоти ибтидоӣ ариза пешниҳод  намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg