Activities calendar

14 Май 2018

Истиқлолият неъмати бебаҳо ва пурарзиши миллат!

ШАҲРИТУЗ. Дар деҳаи Асомуддин Муродови ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Носирзода Абдукарим бо сокинони деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Дуруст сафарбар кардани хайру сахо асоси рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии ҷомеа

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Зарбдор» корҳои таблиғотии ҳизбӣ таҳти унвони «Хайру сахо асоси рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии ҷомеа» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим, раиси ташкилоти ибтидоии болозикр Ҳасанов Абдурашид баргузор карда шуд.

Осудагии рӯзгори мардум ҳадафи аслии ҲХДТ

ХУРОСОН. Дар деҳаи Навобод 1-и ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим ва сармуҳосиби Кумитаи иҷроия Ғуломов Саидасрор вохӯрӣ баргузор гардид.

ҲХДТ: Осудагии рӯзгори пурсаодати сокинон мароми мост!

ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сафаралӣ Мусофиров ва Фирӯз Пиров бо фаъолони деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти ба номи С. Турдиев вохӯрӣ доир карданд.

Таҳкими сулҳу субот аз ҳадафҳои олии ҲХДТ

ФАРХОР. Дар доираи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Ватан вохӯрӣ доир намуданд.

ҲХДТ -ҳимоятгари арзишҳои миллию фарҳанги миллат

ПАНҶ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо ҷиҳати иҷрои иқдоми созанда ва бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар Сари Сели  ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов бо сокинон ва фаъолони деҳа  вохӯрӣ баргузор гардид.

ҲХДТ- Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ вазифаи асосии мост!

НОРАК. Гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо ҷалби истиқоматкунандагони деҳаи Наизирак  вохӯрӣ доир гардид

Сарсабзии диёр ва шукуфоии Ватан аз мо вобаста аст

МУЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар толори ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо иштироки кормандони ҷамоати мазкур маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Занони соҳибистиқлоли кишвар накӯиқболанд

ЛЕВАКАНТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар Қасри фарҳанги шаҳр мизи мудаввар таҳти унвони  «Занони соҳибистиқлоли кишвар накӯиқболанд»-ро  баргузор карданд.

Меҳвари сиёсати барномавии ҳизбро рушди соҳаи илму маориф ташкил медиҳад

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саодат” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир гардид.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби пешабарандаву роҳнамо дар ҷомеа

ВАХШ. Мувофиқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар якҷоягӣ бо сардори Раёсати молияи ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Молия" оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд " ҷамъомад доир карда шуд.

Терроризму экстремизм ва нашъамандию нашъаҷаллобӣ ҳамчун зуҳуроти хатарзо ба ҷомеа

ФАРХОР. Дар доираи эълон гардидани соли 2018 барои ташкилотҳои ҳизбӣ «Соли тақвияти робита бо маҳал» масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар деҳаи Ҳақиқати ҷамоати деҳоти Ватан бо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ суҳбат оростанд.

Паёми Пешвои миллат раҳнамои рӯзгори мост

ҚУБОДИЁН. Гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён  бо мақсади шарҳу тавзеҳ ва татбиқи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ тибқи нақша-чорабиниҳо дар маҳаллаи Ҷавонии ҷамоати  шаҳраки Қубодиёни  ноҳияи Қубодиён вохӯрӣ доир наму

Баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ

ЁВОН. Чанде қабл бо иштироки аҳли заҳмати деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон вохӯрӣ баргузор гардид.

Фарҳанг ҳастии миллат ва бақои давлат аст

ДАНҒАРА. Дар  асоси  нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар  толори  мактаби  таҳсилоти миёнаи умумии №4 бо  сокинони кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоев  ва Исмат  Шарифови ҷамоати шаҳраки ноҳияи  Данғара,  ки қисми зиёди толорро занон ташкил медод,  маҷлиси ҳизбӣ  доир  гардид.

Ихтироъкорӣ аз кабинетҳои фаннӣ оғоз мегардад

ВАХШ. Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо мақсади рушди ихтироъкорӣ ва дарёфти ихтироъкорони ҷавон байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия озмун элон намуд.

Ташаккул ва инкишофи тарзи ҳаёти солим вазифаи ҳар яки мост

БОХТАР. Тибқи нақшаи баргузори вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сафари-К» бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳоров Искандар ва Исоев Фарух доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Камолоти зеҳнии наврасону ҷавонон-кафолати фардои шукуфон!

ФАРХОР. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаии умумии №30-и деҳаи Дарқади ҷамоати деҳоти Дарқад баргузор гардид.

Тарғиби арзишҳои миллӣ дар маҳал

ПАНҶ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки ҳамаи онҳо инъикосгари арзишҳои миллии мо дар ҷаҳони пуртаззоди муосир мебошанд,  бо истиқоматкунандагони деҳаи қалъаи Ҳусайни ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷ вохӯрӣ доир гардид.

Оила ҷузъи таркибии давлат аст

ЛЕВАКАНТ. Дар ҷамоати деҳоти Гулистон, деҳаи Эшонободи шаҳри Левакант дар оилаи Валиевҳо маҳфили «Оилаҳои  ибратомӯз» баргузор  гардид.

Эҳтироми қонуни танзим – қарзи шаҳрвандист

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳи оҳан” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис баргузор гардид.

Паём барномаи мукаммали солона ба ҳар фарди тоҷикистонӣ

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади баррасии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадаюб  Шарифзода дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заркамар” бо кормандону  аъзои он вохӯрӣ доир гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg