БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём барномаи мукаммали солона ба ҳар фарди тоҷикистонӣ

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади баррасии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадаюб  Шарифзода дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заркамар” бо кормандону  аъзои он вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур қайд карда шуд, ки соли дуюм аст, Пешвои муаззами миллат Паёми худро дар охири соли мелодӣ ироа менамоянд, ки он ҳамчун як барномаи  мукаммали солонаи ҳар як фарди тоҷикистонӣ маънидод гардида, нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаро барои расидан ба ҳадафҳои назаррас бо мақсади таъмини рушди устувори рӯзгори мардум қарор мегирад.

Дар Паёми худ Пешвои миллат иброз доштанд, ки  нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ аз се самти асосӣ дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошад  ва тасдиқи ин гуфтаҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳия ва қабули  барномаҳои давлатӣ тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд.

Ҳамчунин,  оид ба эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум сухан намуда, даъват бар он карда шуд, ки барои рушд додани ҳунару анъанаҳои миллии хеш, омӯзонидани ҳунар ба насли наврас саҳмгузор бошанд.

Инчунин, мавсуф доир ба суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сухан карда, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва нерӯи созандаву муттаҳидсози ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии кишвар дар ин самт салоҳият ва мартабаи баланд доштанашро нишон дода истодааст.

Қайд карда шуд, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси муаззами он дар ҳаёт татбиқ намудани орзуву омоли халқ фаъолона талош варзида, масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаро саривақту босифат ҳал карда, эътиқоду эътимоди мардумро нисбат ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бештар мегардонанд.                  

Бинобар ин, ба сафи  ҳизб намояндагони ташаббускори соҳаҳои мухталифи ҷомеа, аҳли зиё, коршиносону сиёсатмадорон умуман фаъолони ҷомеа ҷамъ омада, барои амалигардии ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ саҳмгузор мебошанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg