БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сарсабзии диёр ва шукуфоии Ватан аз мо вобаста аст

МУЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар толори ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо иштироки кормандони ҷамоати мазкур маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳайдаров Рамазон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Гулсунбӣ Раҷабова дар назди ҷамъомадагон оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватандӯстию ҳисси миллӣ, ҷалб намудани шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуда, иштирокдорон баҳри саҳм гузоштан дар рушду нумӯи кишвар раҳнамоӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg