БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дуруст сафарбар кардани хайру сахо асоси рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии ҷомеа

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Зарбдор» корҳои таблиғотии ҳизбӣ таҳти унвони «Хайру сахо асоси рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии ҷомеа» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим, раиси ташкилоти ибтидоии болозикр Ҳасанов Абдурашид баргузор карда шуд.

Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳии ҳизбӣ Насим Сабурзода оид ба масъалаи ба миён гузошташуда муфассал суханронӣ намуда, қайд кард, ки вобаста ба ин масъала ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, махсусан қаноти ҷавонони ҲХДТ- ТҶҶ «Созандагони Ватан» масъулияти баланд ҳис мекунанд. Зеро ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва фарҳангу маънавиёти мардуми кишвар асоси барномаи ҲХДТ-ро ташкил дода, тарғибу ташвиқи он вазифаи ҷонии ҳар як узви ҳизб ва аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба ҳисоб меравад.

Дар фарҷом аҳли толор ба Насим Сабурзода суолҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххасу саҳеҳ  гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg