
ДАНҒАРА. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4 бо сокинони кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоев ва Исмат Шарифови ҷамоати шаҳраки ноҳияи Данғара, ки қисми зиёди толорро занон ташкил медод, маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.
Ҷамъомадро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад дар мавзӯъи тарғиби фарҳанги миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии майл ба либоси бегона, ҳифзи анъанаҳои неки ниёгон, ки то ба имрӯз ба мо ба мерос мондааст, маърӯза кард.
Дигар баромадкунандагон низ оид ба Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ дар хона ва ҷалби шаҳрвандон ба корҳои хонагӣ андешаронӣ намуда, ҷамъомадагонро барои аз нав зинда гардонидани ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ маслиҳатҳо доданд.