ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сафаралӣ Мусофиров ва Фирӯз Пиров бо фаъолони деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти ба номи С. Турдиев вохӯрӣ доир карданд.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон вобаста ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои Барномавии он, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, муқовимат бар зидди коррупсия, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби шахсони бекор ба ҳунарҳои мардумӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои корам, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияту арзишҳои миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда, аз иштирокдорон ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат содиқ будани ҳар як фарди ватандӯст баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азиз маслиҳатҳои судманд доданд.