БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Меҳвари сиёсати барномавии ҳизбро рушди соҳаи илму маориф ташкил медиҳад

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саодат” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир гардид.

Нахуст, дар мулоқот мудири шуъбаи кор занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саодат”, директори Маркази такмили ихтисос дар шаҳри Кӯлоб Намозов Ҷамшед иштирок ва ибрози андеша карданд.

Зимнан, Мунаввараи Бозоралӣ ба сухан баромада, қайд кард, ки дар меҳвари сиёсати барномавии ҳизб оид ба илму маориф, пеш аз ҳама дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷик тарбия намудани насли навраси кишвар қарор гирифта, ҳамкории доимиро бо донишмандон, олимону устодон ба таври васеъ ба роҳ мондааст.

Дар ин миён Намозов Ҷамшед низ андешаронӣ карда, изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ рушди илму маориф ва фарҳанги миллиро самти афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат муайян намуда, пешрафти ҷомеа ва рушди устувори иқтисодиёти кишварро бо ин соҳаҳо алоқаманд медонад.

Мавсуф дар идомаи суҳбат афзуд, ки барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҳамчун аъзои содиқу вафодори ҳизб барои рушди соҳаи илм, маориф ва фарҳанг ҳамеша ҷидду ҷаҳд менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg