БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳтироми қонуни танзим – қарзи шаҳрвандист

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳи оҳан” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис баргузор гардид.

Зимнан, дар маҷлис мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳи оҳан” Бобоев Рустам иштирок ва баромад намуданд.

Корманди масъули ҳизбӣ Фирӯзи Саидмӯъмин дар баёни андешаи худ гуфт, ки мо мардуми хушбахт ҳастем, ки дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваҳдати комили миллӣ расидем. 

Дар ҳамин замина яке аз иқдоми муҳимми Роҳбари олии кишвар, ки ба рушди давлат ва мустаҳкам намудани заминаҳои сиёсиву иҷтимоии он мусоидат намуд, ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Зимни суҳбат Бобоев Рустам қайд дошт, ки бо амалишавии қонуни танзим он ҳамчун қонун аз лиҳози мазмун миллӣ ва аз нигоҳи демокративу дунявӣ урфу одат, расму оин ва ҷашну маъракаҳо, ки рукнҳои муҳимми шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мебошанд, ба танзим даровард.

Аз ин рӯ, риоя ва эҳтироми қонуни танзим ва тарғиби он миёни ҷомеа қарзи ҳар як шаҳрванд, хусусан мо ҳизбиён мансуб меёбад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg