БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Камолоти зеҳнии наврасону ҷавонон-кафолати фардои шукуфон!

ФАРХОР. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаии умумии №30-и деҳаи Дарқади ҷамоати деҳоти Дарқад баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назаров Алиҷон баромад намуда, қайд кард, ки миллати тоҷик дар тӯли мавҷудияти хеш бо сабаби ҳазор соли бедавлатӣ заҳмат кашид. Акнун имрӯз замони он расидааст, ки бо масъулият ва ифтихори баланд барои ояндаи ин миллат, барои ояндаи ин давлат бештар илм омӯзем, бештар кор кунему бисозем.

Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ, чун кишвари озод эътироф кардааст, мо бо шумо хонандагони азиз бояд мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар меъмори давлати воқеъии дунявӣ ва пешрафта саҳм бигзорем ва танҳо бо номи ин миллат, ин давлат ифтихор кунем.  Беҳтарин роҳе, ки ояндаи дурахшони миллату давлати тоҷикро сохта мешавад ин иттиҳоду сарҷамъӣ,  илм омӯхтану илм офаридан аст. Гузаштагони мо рисолати худро анҷом доданд, яъне барои мо давлату миллат сохтанд, акнун навбати мову шумо аст, бояд аз дирӯз дида имрӯз боз бештар илм омӯзем, бештар китоб хонем, ояндаи ин миллат, ин давлат дар дасти мову шумо аст.

Акнун замони он расидааст, ки барои сохтани ояндаи дурахшони миллат ҷавонони баору номус ва ватандӯсту хештаншиносро тарбия намоем ва ояндаи ин миллатро ин давлатро ба дасти онҳо супорем. Пешвои миллат ҳамеша қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллатанд. Вале ояндаро танҳо бо донишу заковат сохтан имконият дорад.

Ҳамзамон, оид ба хатарҳои терроризму экстремизм, пайдоиш ва ташаккули гурӯҳҳои нави террористию экстремистӣ дар ҷаҳон суханронӣ намуда, қайд кард, ки имрӯз дар ҷаҳон ташкилотҳои террористиву экстримистӣ зиёд ҳастанд, ки мехоҳанд ҷавонони ноогаҳро бо истифода аз усулу роҳҳои гуногун, аз он ҷумла аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба самти худ ҷалб намуда, онҳоро ба майдонҳои ҷанг ба Сурияву Ироқ ва Афғонистон фиристанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg