БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҳкими сулҳу субот аз ҳадафҳои олии ҲХДТ

ФАРХОР. Дар доираи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Ватан вохӯрӣ доир намуданд.

Мақсади асосии ин вохӯрӣ суҳбат кардан атрофи самтҳои афзалиятноки фаоълияти ҲХДТ, таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар маҳаллаи мазкур буд.

Вохӯрӣ дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и деҳаи Лолазор баргузор гардида, дар он омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 10-11 ҷалб карда шуданд.

Дар назди иштирокдорон муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар баромад намуда, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз он ҷумла огоҳонидани шаҳрвандон аз хатарҳои терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирии шомилшавии сокинон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, пешгирии нашъамандию нашъаҷҷалобӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи илмомӯзӣ, ватандӯстӣ ва ифтихорӣ миллӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва оид ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ намуда, иштирокдоронро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои олии ҲХДТ даъват карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg