БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

30 Май 2018

Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ пешсаф буда, муносибати духура бо ин падидаи номатлубро хатарнок арзёбӣ мекунад

АНДЕША. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон нигаронкунанда аст. Имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон миллионҳо одамони гирифтори хавфу таҳдиди ҷанг зиндагӣ менамоянд. Зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфта, оташи ҷангу низоъҳоро меафрӯзад. Тоҷикистони азизи мо низ аз чунин хавфу хатар эмин нест.

Ҳадафи асосии ҲХДТ бо халқ ва дар хизмати халқ будан аст

А.ҶОМӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида вохӯрии навбатии раиси  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ дар маҳаллаи Навободи ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби  вакилони маҳаллӣ бо иштироки сокинони маҳалла, алалхусус ҷавонон баргузор гардид, ки баромадкунандагон зимни суханрониҳо дар баробари шарҳу тавзеҳ ва  татбиқи  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳ

Пешгирии бемориҳои сироятӣ ба хотири солимии ҷомеа

ҶАЙҲУН. Бо мақсади иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Кумитаи варзиш» оид ба  масъалаи фаъолгардонии ҷавонон дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъаҷаллобӣ  ҳамчун зуҳуроти хатарзо ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи мардум бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов вохӯрӣ баргузор гардид.

Сарсабзиву хуррамии Ватан мақсаду мароми ҳар як узви ҲХДТ мебошад!

Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раҳимбек” вохӯрӣ баргузор карданд.

Мардум аз сиёсати созандаи Пешвои миллат шукргузоранд

ХУРОСОН. Дар толори  муассисаи таҳислоти миёнаи умумии №8-и ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим ва дигар шахсони даъватӣ оид ба шарҳу тавзеҳи  нуктаҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар вохӯрӣ баргузор гардид.

Бозидиди ҳизбиён аз маҳали зарардидаи сел

ФАРХОР. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо зарардидагони офати табии деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Ғалаба мулоқот доир намуданд.

Мардум аз мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон роҳҳои дуруст сафарбар кардани хайру сахоро омӯхтанд

ТЕМУРМАЛИК. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо шумули намояндагони мақомотҳои қудратӣ, ходимони дин ва дигар сохторҳои ҳокимияти маҳаллӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи  суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил карда шудааст.

Ҳизбиён дар расонидани кӯмак ба зарардидагони офати табиӣ бетараф настанд

ПАНҶ.  Ёдовар мешавем, ки шаби 16  ва 17 майи соли ҷорӣ бинобар сабаби боришоти зиёди борон дар як қатор  деҳоти ноҳияи Панҷ омадани сел ба қайд гирифта шуд.

Тарбияи ватандӯстии ҷавонон омили пешгирӣ аз гаравиш ба гуруҳҳои ифротист

НОРАК. Дар деҳаи Чортути ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумринисо ва дигар шахсони даъватӣ вохӯрӣ доир гардид.

Истифодаи оқилонаи об боиси ободонии ҳар як хонадон

Н.ХУСРАВ. Бо  мақсади   дар  амал  татбиқ  намудани   сиёсати  пешгирифтаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат,   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси  муаззами  ҲХДТ  муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон , ташвиқу  тағриби  ҳадафҳои Барномавии  ҲХДТ, фаҳмонидани  дастовардҳои  даврони  Истиқлолият  дар  байни  мардум,  ҷалби  аъзои  ҳизб  ба  корҳои  созандагиву  бунёдкорӣ , барои  бо  таври  шаффоф ва  ома

Дин набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Кушониён   дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти  ноҳия ҷиҳати  боз  ҳам  густариш  бахшидани  иртибот  бо  мардум ва  ҷалби  омма  дар  амалӣ  намудани  ҳадафҳои  ҲХДТ   ва  оид  ба  тақвият  бахшидан  ба  “Соли  тақвияти  робита  бо  маҳал»  бо  мардум  мулоқоту  вохӯриҳо  баргузор  намуда  истодаанд.

Дар амалишавии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ҷаҳду талош менамоем

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ташхиси судию тиббӣ” вобаста ба самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб маҷлис баргузор гардид.

Тақвияти ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ дар мадди назар

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо сокинони деҳаи Равшанободи ҷамоати шаҳраки Қубодиён  вохӯрӣ баргузор гардид.

ҲХДТ-муаррифгари мавзеъҳои нотакрор

ДӮСТӢ. Мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳия пайваста вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуда

Саҳми табибон дар таблиғу амалигардонии барномаи ҲХДТ зиёд аст

ВОСЕЪ. Дар Беморхонаи №2-и деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯрӣ баргузор гардид. 

Зоҳирпарастиву зиёдаравӣ зарар ба буҷаи оила

ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузо­рии мулоқоту во­­х­­ӯриҳои Кумитаи иҷроия­и ҲХДТ дар ноҳияи­­ В­а­хш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ "Пахтаобод"  бо сокинони маҳалла ва ходимони дин дар атрофи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷамъомад доир карда шуд.

Экстремизм ва терроризм-падидаи номатлуб дар ҷомеа

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «МНДСЭ»-и шаҳр бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар ва Ҳакимова Волида доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Мо шукрона мекунем, ки ба чунин рӯзгори ободу осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем

БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи иҷтимоӣ” бо иштироки и.в раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф ва  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроия ҲХДТ Ғуломов Асомуддин оид ба суханронии Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”  ва самтҳ

Таҷрибаи Сурияву Ироқ барои ҷаҳониён дар шинохти чеҳраи воқеии терроризм боиси ибрат аст!

ФАРХОР. Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Навободи поёни ҷамоати деҳоти Зафар баргузор гардид.

Урфу одати гузаштаи хешро аз таъсироти манфии замони муосир эмин нигоҳ медорем

ДӮСТӢ.  Тибқи нақшаи пешбининамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён»  бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ доир гардид.

Савдогарони беинсофро ҳам таррору террорист гуфтан мумкин аст

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бозори НИХӢ » бо иштироки кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар ва Исоев Фаррух доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз ҷумла муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии ҷавонон аз гурӯҳҳои ифротӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg