БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Терроризму экстремизм ва нашъамандию нашъаҷаллобӣ ҳамчун зуҳуроти хатарзо ба ҷомеа

ФАРХОР. Дар доираи эълон гардидани соли 2018 барои ташкилотҳои ҳизбӣ «Соли тақвияти робита бо маҳал» масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар деҳаи Ҳақиқати ҷамоати деҳоти Ватан бо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ суҳбат оростанд.

Масъалаҳои асосии рӯзномаи маҷлисро терроризму экстремизм ҳамчун, зуҳуроти хатарзо ба ҷомеа, пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар деҳаи мазкур буд.

Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар оид ба  терроризму экстремизм ҳамчун, зуҳуроти хатарзо ба ҷомеа ва амнияти миллӣ суханронӣ намуд.

Аз ҷумла, иброз дошт, ки тафаккури ифротӣ ва созмонҳои террористӣ, ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусалмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар  акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ  фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ гирифтааст.

Сипас, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер баромад намуда, атрофи нашъамандию нашъаҷаллобӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар баробари терроризму экстремизм яке аз сарчашмаҳои таҳдид ба ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg