БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Варзиш қосиди сулҳу гарави саломатист!

ВОСЕЪ. Дар мактаби варзишии кӯдаконаи ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия бо  омӯзгорони муассисаи номбурда  вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Раҷабова Шаҳноза дар назди ҷамъомадагон оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  ҷалби ҷавонону наврасон ба бозиҳои варзишӣ, обу  тоби бадан, ки варзиш ба саломатии инсон  манфиати хуб дорад, инчунин оид ба ҳифзи амнияту оромии кишвар, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дигар паҳлуҳои  марбут ба ҷомеа сухан ронд.

Иштирокдорон  бо қаноатмандӣ суханрониҳои Раҷабова Шаҳнозаро  шунида,  иброз намуданд, ки барои ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд ва ҳамеша дар пайи ривоҷу равнақи сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиш мекунанд.       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg