БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

13 Декабр 2021

ҲИЗБЕ, КИ АЗ ОРМОНҲОИ МАРДУМ СОХТА ШУДААСТ....

“Мо ин ҳизбро барои ҳокимиятсозӣ таъсис надодаем, мо чунин ҳокимиятро дорем, балки ҳадаф аз ташкили он таҳкими давлатдориамон, амалӣ гардондани ҳадафу ормонҳои мардум, омӯзиш ва равнақи демократия, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва эътирофу қадр кардани ақидаҳои гуногуну мухталиф дар ҷомеа мебошад”.                                             

ТЕРРОРИЗМ – АМАЛИ ХАТАРНОК БА ҶОМЕА

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо амали терроризм зуҳур ёфта, оламиёнро ба таҳлука овардаву бетартибиву нооромӣ ва иғвоангезиву моҷароҷӯии пай дар пайи  онҳо қалби мардумро шикастааст. Бояд гуфт, ки террористон  тавассути амалҳои зишташон  зиндагии мардумро хароб сохта, ояндаи кишварро барбод медиҳанд.

ПРЕЗИДЕНТИ МАН - ИФТИХОРИ МАН!

АНДЕША. Тӯли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба марҳилаҳои пурпечутоби таърихӣ дучор ва ба санҷишҳои зиёд рӯ ба рӯ гардидааст. Тоҷикистон аз як кишваре, ки қариб нобуд ва иқтисодиёташ дар вартаи марговар дучор гардида буд, имрӯз ба як кишвари аз лиҳози иқтисодӣ рушдёбанда табдил ёфтааст.

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

АНДЕША. Бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ иқдом намудан дар роҳи барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои худро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тавассути мустаҳкам кардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсат дар самти масъалаҳои занон ва ҷавонон мунтазам тақвият мебахшад.

ҲАДАФИ АСОСИИ ҲИЗБ, МАҚСАДУ МАРОМИ МАРДУМ АСТ

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳадафи ҳимояи манфиатҳои халқ, таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои  давлатдории миллӣ таъсис ёфта буд. Дар давраи фаъолияти пурсамари хеш барои саодати халқ ва ободии Ватан саъй дорад.

ҲХДТ – ЗОДАИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИСТ

АНДЕША. 10.12.2021,  аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 27 сол пур мешавад. Ин сана барои мардуми сарбаланди кишвар, аъзову ҷонибдорон ва хусусан мо ҷавонон санаи муҳиму тақдирсоз ба шумор меравад.

ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ВАЗИФАҲО МУШАХХАС ГАРДИД

ШАҲРИТУС. Бо иштироки  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи “Талбак Садриддинов” маҷлиси ҷамъбастӣ ва вобаста ба  Рӯзи таъсисёбии  Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон доир гардид. 

ВАКСИНАГУЗАРОНӢ ЯГОНА РОҲИ РАСИДАН БА ИММУНИТЕТИ КОЛЛЕКТИВӢ

ҶАЙҲУН. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19, иммунизатсия намудани аҳолӣ, истифодабарии мақсадноки неруи барқ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди деҳаву маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллии ноҳия баргузор гардид.

ҲХДТ – ФАЪОЛТАРИН ВА НЕРӮМАНДТАРИН ҲИЗБИ СИЁСИИ ҶУМҲУРӢ

ҲАМАДОНӢ. Дар толори Мактаби мусиқии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки аъзову собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳамоиши ҳизбӣ  ба муносибати 27 – умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ баргузор гардид.

ҲИЗБЕ, КИ ҲАСТ МАРОМАШ МАРОМИ ХАЛҚ...

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бисту ҳафт сол муқаддам зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» ба майдони сиёсат ворид гардида, дар муддати начандон тӯлонӣ садоқати худро ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои озодиву баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёниву демократия сарбаландона собит намуд ва имрӯз бо боварии комил ба ояндаи дурахшони Ватан

ҲИЗБИЁН РИСОЛАТИ СОЗАНДАГӢ ДОРАНД

АНДЕША. Нуқтаи бисёр муҳим дар фаъолияти ҳизбӣ таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи занон мебошад. Ин дастгирӣ танҳо дар сухан ва коғаз нест ва мо занон инро бевосита дарк мекунем.

ҲХДТ ЭЪТИМОДИ ХАЛҚ ВА КАФОЛАТИ ПИРӮЗИҲОИ МОСТ!

АНДЕША. Воқеан, дар ахтари хаёли созандаи Пешвои муаззами миллат иқдому ташаббусҳои бешумори сиёсиву фарҳангӣ тавлид гаштаву Тоҷикистони азизро чун uаввоси хазинаи зарҳалини тамаддуни ориёӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ сохтааст.

КОРҲОИ ОБОДОНӢ БАҲРИ ТОЗАГИИ МАҲАЛИ ЗИСТ

ПАНҶ. Дар якҷоягӣ  бо иштироки аъзои ҳизб ва фаъолони ноҳия баҳри тозаю озода намудани атрофи ташкилоту идораҳо Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тозагии маҳал мароми мост!” доир гардид.

ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ МАКТАБИ МАРДОНАГӢ ВА ШУҶОАТМАНДӢ

ПАНҶ. Бахшида ба 27 – умин солгарди Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ҷамоати деҳоти ба номи Кабуд Сайфуддин, суҳбату вохӯрӣ бо волидайн  ва ҷавонон, баргузор карда шуд.

МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

НОРАК. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Норак  маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии "Фарҳанг"-и шаҳр баргузор гардид.

ҲХДТ- ҲИЗБИ МАРДУМӢ

Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон зодаи Истиқлолияти кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад.

                                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҲИЗБИ МАРДУМӢ ВА ПУРНУФУЗ

АНДЕША. Санаи 10-уми декабри 2021 аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 27 сол сипарӣ мегардад.

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР "МАРКАЗИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ"

КӮШОНИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии "Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ"-и ноҳия бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.

ЭМГУЗАРОНӢ БАР ЗИДДИ КОВИД-19

КӮШОНИЁН. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии Коронавируси СOVID-19 дар шаҳраки Исмоили Сомонӣ миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии Ковид -19 сокинонро барои гирифтани ваксинатсия ташвиқу тарғиб намуданд.

ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "СТОМАТОЛОГИЯ" МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДОИР ГАРДИД

КӮШОНИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии "Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ"-и ноҳия бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.

ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

КӮШОНИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии "РАСИН"-и ноҳия бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор карда шуд.

ҲХДТ - ҲИЗБИ АМАЛИСОЗИ АРМОНҲОИ МАРДУМ

АНДЕША. Боиси шодмонӣ ва ифтихори беандоза аст, ки таҷлили ҷашни 27-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст.  Роҳи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чандон тӯлонӣ набошад ҳам, басо ифтихорманду бошараф аст.

ҲХДТ – ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

ДӮСТӢ. Вобаста ба иҷрои ҷадвали тасдиқгардида, маҷлиси ҷамбастии фаъолияти корӣ дар соли 2021 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Нозироти андоз"и-ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид.

"АМОНАТБОНК" БОНКИ МАСЪУЛИЯТШИНОС АСТ!

ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Амонатбонк"-и ноҳияи Дӯстӣ  маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 доир гардид.   

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДОИР ГАРДИД

ДӮСТӢ. Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати шаҳраки "20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" маҷлиси ҷамбастии ташкилот гузаронида шуд.

ҲИЗБИ ХАЛҚӢ, ҲИЗБИ ПИРӮЗУ ПЕШОҲАНГ

АНДЕША.  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳамчун ҳизби зодаи истиқлол ва ҳизби ормонҳои чандинасраи халқи тоҷик мебошад. Тавре зикр намудем, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи таърихи дуру дарози талошҳои халқи тоҷик барои ба даст овардани худшиносӣ ва соҳибистиқлолии хеш арзи вуҷуд кард ва имрӯз ҳазорҳо фарзандони содиқи Ватан шомили он мебошад.

ҲХДТ – ҒАМХОРИ МАЪЮБОНУ БАРҶОМОНДАГОН

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи мҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони масъули ҳизбӣ дар якҷоягӣ бо аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба аёдати шахсони имконияташон маҳдуд рафтанд.

АМАЛҲОИ НАНГИНИ НАҲЗАТИЁНРО МАҲКУМ МЕСОЗЕМ!

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо мо дар шабакаи иттилоотии ҷаҳонии интернет ба воқеаҳое ва амалҳои нангине дучор меоем, ки боиси нафрат ва нигаронии ҷомеа мегардад. Чун мафҳуми ягонаи терроризм ва экстремизмро ягон нафар олим, сиёсатмадор пурра шарҳ надодааст. Агарчанде 120 намуди шарҳи ин падидаҳо аз тарафи муҳуқиқону сиёсатмадорон пешбинӣ шуда бошад, аммо то ҳол таърифи дурусту ягонаи онҳо муаян нашудааст.

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА 27-ИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

ВАХШ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ мизи мудаввар дар мавзуи “ҲХДТ-зодаи тафаккури Пешвои миллат” баргузор карда шуд.

ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР

АНДЕША. Мо дар 27-солагии таъсисёбии яке аз ҳизбҳои сиёсии кишварамон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таҷлил кардем. Воқеан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят сангину барои ҷумҳурии  тозаистиқлоли мо вазнин тавлид ёфта, қадам ба қадам аҳли ҷомеаро баҳри тақвияти сулҳу Ваҳдати миллӣ ва пойдории Истиқлолияти давлатии кишварамон раҳнамо сохтааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg